Дар бораи марказ

Дар асоси Созишномаи Грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (ИФАД) аз 5 августи соли 2011 оид ба татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва инчунин тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, таҳти №204 Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таъсис гардид.

Муқаррароти умумӣ

Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» татбиқи мархилаи якум ва дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва дигар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, грантӣ ва кӯмакҳои техникие, ки дар асоси Созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба зиммаи Марказ вогузор карда мешаванд, амалӣ менамояд.

Мақсадҳои асосии фаъолияти Марказ:

- татбиқи саривақтӣ, сифатнок ва самарабахши лоиҳаҳо;
- таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои грантӣ ва қарзии аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудогардида.

Самтҳои фаъолияти Марказ:

- ташкили фаъолияти Марказ якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Агентии иҷроияи Лоиҳа ва дигар мақомоти дахлдор;
- таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳо ва татбиқи лоиҳаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалии маблағгузор;
- таъмини маблағгузории саривақтии лоиҳаҳо ва пардохти саривақтии иҷрои корҳо ва хизматрасонии мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалии маблағгузор;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони Марказ, мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ;
- мониторинг ва назорати сифати иҷрои корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалии маблағгузор;
- дигар намудҳои фаъолият, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалии маблағгузор мухолифат намекунад.

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat