Ҳифзи чарогоҳҳо амали дастҷамъиро тақозо менамояд

 Чарогоњ барои чорвои хонагї манбаи асосии хўроки арзон ва серѓизо мебошад. Таќрибан, аз чор се њиссаи талаботи чорво бо хўроки сабз аз њисоби чарогоњњои табиї таъминанд. Дар чарогоњњо мањсулнокии чорво назар ба парвариши оѓилї 25 - 40 дарсад афзуда, сифати мањсулот бењтар ва арзиши аслии он 20 - 30 дарсад кам мешавад. Њолати хуби чарогоњњо барои рушди соњаи чорводорї ва дар маљмўъ таъмини амнияти озуќавории мамлакат мавќеи муњим дорад.

image002

Бино ба маълумотњо масоњати умумии чарогоњњои љумњурї беш аз се миллион гектарро ташкил медињад. Чарогоњњо ва инфрасохтори онњо (роњњои чорвогузар, макони дамгирї ва нуќтањои обхўрии чорво, пулњои чорвогузар) дар љумњурї манбаи асосии таъмини хўрокаи чорвои калони гўштї, ќутос, гўсфанду буз ва асп буда, беш аз  70 дарсади талаботи солонаи онњоро таъмин менамоянд.

Ба гуфтаи мутахассисони соњаи чорводорї, тайи солњои охир тағйирёбии иќлим ва таъсири манфии он ба паст гардидани њосилнокии чарогоњњо оварда расондааст. Махсусан, чарогоњњои ба минтаќањои ањолинишин наздик дар чунин њоланд. Илова бар ин, дар аксари дењоти ноњияњо поймолшавии алафзор ва нобудшавии чарогоњњо мушоњида мешавад. Ќисми зиёди майдони онњо ба пайроњањои чорвогузар табдил ёфта, эрозияи хок ављ гирифтааст. Инчунин, бештар аз њазорњо гектар чарогоњњои њосилхези наздикўњї ба воситаи шудгор хароб гардида, њамчун замини партов камњосил шудаанд.

Тибќи маълумоти оморї, њоло дар љумҳурї саршумори чорво нисбат ба солњои пеш аз соњибистиќлолї 53 дарсад, асп 49 дарсад ва моли майда 50 дарсад зиёд гардидааст. Аз ин рў, бењтаркунии њолат, баланд бардоштани њосилнокї, танзиму истифодаи оќилона ва дурусти чарогоњњо дар пешрафти соња яке аз омилњои асосианд. Дар љумњурї то соли 1991 - ум 30 дарсад майдони кишт ба кишти зироатњои хўроки чорво рост меомад. Њоло ќариб се баробар майдони кишти хўроки чорво кам гардида, саршумори чорво 50 дарсад зиёд аст.

Дар вилояти Хатлон чарогоњњои зимистона беш аз 670  њазор гектар, тобистона 222 њазор, бањорию тирамоњї ќариб 208 њазор ва чарогоњњои давоми сол истифодашаванда 129 њазор гектарро ташкил медињанд. Дар доираи марњилаи якум ва дуюми лоињаи «Рушди чорводорї ва чарогоњњо» њолати зиёда аз 160 њазор гектар чарогоҳҳои деҳаҳои зерхадаф бењ гардонда шуд.

image004

Марњилаи аввали лоињаи «Рушди чорводорї ва чарогоњњо» ноњияњои Темурмалик, Балљувон, Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддини Шоњинро фаро гирифта, њоло марњилаи дуюми лоиња дар шањру ноњияњои Кўлоб, Данѓара, Восеъ, Фархор ва Мир Сайид Алии Њамадонї мавриди амалисозї ќарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар 400 љамъияти истифодабарандагони чарогоњњо, ки аз тарафи Марказ таъсис ёфтаанд, наќшаи чарогоњгардон тартиб дода шудааст. Дар давраи амалишавии марњилаи якум ва дуюми лоињаи «Рушди чорводорї ва чарогоњњо» кормандони Марказ мунтазам омўзишњо доир карда, дар он оид ба беҳдошти чарогоњњо ва самаранок истифода бурдани онњо чунин тавсияњо медињанд:

-         истифодаи самаранок, маќсаднок ва дастаљамъонаи чарогоњњо;

-         истифодаи оќилона ва пешгирї аз харобшавии чарогоњњо, риояи њифзи муњити зист;

-         љорї намудани системаи чарогоњгардон, ваќт ва муњлати чарондани чорво, меъёр ва ивазкунии муњлати чаро ва усулњои бењдоштии он;

-         барои барќарорсозии чарогоњњо, кишт ва љорї кардани намудҳои рустанињои чарогоњї;

-         дар фасли бањор истифода намудани нурињои минералї ба миќдори 100 килограмм ба як гектар чарогоњ;

-         гузарондани чорабинињои доимии бењгардонии сатњї ва куллии чарогоњњо;

-         ба роњ мондани чорабинињои профилактикии тиббию бойторї;

-         мунтазам бурдани корњо бо дигар сохторњои марбута оид ба бењгардонии њолати чарогоњњо, обёрии онњо, гузарондани корњои беҳгардонии сатњї ва куллї бо љалби сармояи дохилї ва хориљї;

-         гузарондан ва васеъ намудани корњои тадќиќотї оид ба бењтар намудани њолати чарогоњњо, мониторинг ва бањодињии њосилнокии чарогоњњо ва ташкили ќитъањои намоишї;

-         ба роњ мондани кишти рустанињои серғизои хўроки чорво дар ќитъаҳои намоишї бо маќсади истифодаи он дар оянда барои бењгардонии њолати чарогоњњо;

-         дар мавзеи чарогоњњо роњ надодан ба сохтмони иншооти инфрасохтории ба соња дахл надошта (бо истиснои иншооте, ки бо иљозати Њукумати љумњурї сохта мешаванд) бо маќсади кам нагардидани майдони чарогоњњо ва зиёд нагардидани сарбории чорво ба чарогоњњо.

Инчунин, дастурамали тавсиявї “Оид ба чарогоњгардон” омода ва пешкаши ЉИЧ гардид. Њамаи тавсияњо барои бењгардонии њолати њозираи чарогоњњо ёрї расонд. Илова бар ин, ташкили ќитъањои намоишї дар дењањои зерњадафи лоиња бо маќсади барќарор шудани заминњои бењосил, роњи камхарљ ва барќарорсозии чарогоњњо мебошад. Ќитъањои намоишї дар дењањои зерњадафи лоиња дар чарогоњњои назди дењањо љойгир аст, ки ин имконият медињад, нигоњубин ва назорати он осон гардад. Аз сабаби ба дења наздик будани чарогоњњо, чарондани зиёди чорво ва поймолкунї эрозия васеъ пањн шудааст.

image006Њар як истифодабарандаи чарогоњ вазифадор аст, ки барои пешгирии гирифторї ба эрозия ва селшўии чарогоњ сањми худро гузорад. Аз ин рў, корњои банаќшагирї ва лоињакашї оид ба њифз ва истифодаи самараноки захирањои табиї, аз љумла чарогоњњо зарурати муносибати дастаљамъонаро пеш мегузорад.

Њамаи он дастуру тавсияњое, ки аз тарафи мутахассисони лоиња ба љамъиятњои истифодабарандагони чарогоњњо дода шудаанд, дар маљмўъ барои бењтаргардонии њолати чарогоњњо, самаранок истифода бурдани онњо, баланд гардидани мањсулнокии чорво ва бењтар гардидани некуањолии дењањои зерњадафи лоиња мусоидат намудааст. 

Сиљоуддин ИСРОИЛОВ,image008

мушовири миллии лоиња

 

 

 

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat