ЗАНОНИ ДЕҲОТ ТАВАССУТИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ДАР АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ САҲМ ГУЗОШТАИСТОДААНД

 

Барои истењсоли мањсулоти парандапарварї назар ба мањсулоти соњаи чорводорї хўрок, мењнат ва маводи моддию техникї камтар сарф мегардад, аз ин лињоз, нархи аслии тухм ва гўшти паранда нисбатан арзон мебошад. Хусусияти биологии мањсулоти паранда дар он аст, ки онњо парњезї буда, дар таркиби худ миќдори маводи аз љињати биологї фаъол (витаминњо, аминокислотањо ва ѓайра) доранд. Бинобар ин, дар мамлакатњои тараќќикардаи љањон ба рушди соњаи мазкур ањамияти хосса дода мешавад.

Бо назардошти ин, мувофиќи њидояти Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмамалї Рањмон дар Паём ба Маљлиси Олї аз 22 декабри соли 2017 парандапарварї аз андозу пардохтњои асосї озод карда шуд, ки ин барои рушди соња дар љумњурї шароити мусоид фароњам овард, њавасмандии хољагидорону соњибкорони ватанию хориљиро бештар ва олимону мутахассисони соњаро рўњбаланд карда, ба рушди соња такони љиддї бахшид.

Бо маќсади фароњам овардани шароити мусоиди иќтисодї ва иљтимоии занон дар дењањои зерњадафи лоињаи “Рушди чорводорї ва чарогоњњо” фаъолияти диверсификатсияи ташаккули даромаднокї барои занон ба роњ монда шуд, ки яке аз њадафњои аввалиндараљаи Фонди байналмилалии рушди кишоварзї ва Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоињаи “Рушди чорводорї ва чарогоњњо” мебошад.

Дар раванди татбиќи марњилаи дуюми лоињаи “Рушди чорводорї ва чарогоњњо” Љамъияти истифодабарандагони чарогоњи “Дурахшони-1” – и Љамоати дењоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бо инкубаторҳои хонагї таъмин гардиданд. Яке аз манфиатбарандагони ин самти фаъолият сокинони деҳаи Дурахшон-1 мебошанд. Занони дења бо мақсади мусоидат дар таъмини бозорҳои мањаллї бо маҳсулоти хољагии қишлоќ, аз љумла тухм ва гўшти парҳезї, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи рушди деҳот аст, саҳм гузошта истодаанд.

Сокинони деҳа аз оғози таъсисёбии ҷамъият пайваста кўшиш доранд, ки фаъолиятро маќсаднок ба роњ монда, самараи хуб ба даст оранд. Бо ин маќсад дар дења Гурўњи ташаккули даромаднокии занон (ГТДЗ) таъсис ёфт, ки роњбарии онро Абдулҳаева Фотима ба уњда дорад.

Гурўҳи мазкур бо дастгирии лоињаи “Рушди чорводорї ва чарогоњњо-II” соҳиби ду инкубатори хонагї гардидаанд, ки тавассути он истеҳсоли чўљаҳои мурғи хонагї, мурғи марљон ва дигар намуди парандаи хонагиро ба роҳ мондаанд, ки аз ин ҳисоб даромади иқтисодӣ ва молиявии хонаводаашонро беҳтар намудаанд. Абдулҳаева Фотима аъзои фаъоли ЉИЧ “Дурахшон-1” буда, шуғли асосиаш паррандапарварӣ мебошад.

Аз оғози фаъолияти љамъият мо занони хонашин аъзои ҶИЧ гардидем ва ҳамин тавр соњиби бастаи мурғи марљон ва як адад инкубатори хонагї гардидем. Дар баробари муттаҳид шудан ба ГТДЗ омӯзишҳо оид ба “парвариши мурғи марҷон” ва “коркард, истеҳсол ва бозоршиносӣ ро низ аз тарафи мутахассисони соњавии Муассиса давлатии “Маркази идораи лоињаи “Рушди чорводорї ва чарогоњњо” ба мо омӯзониданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи мо бисёр зарур буд, мегӯяд Фотима Абдулҳаева.

ГТДЗ ҳамкориҳоро тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз шароиту имкониятњои мављуда соњаи паррандапарвариро мувофиќ ба талаботи рўз рушд дињанд ва дар амалисозии њадафи стратеги таъмини амнияти озуқавории мамлакат сањми арзанда гузоранд.

 Шарбону ВАЛИЗОДА

 

мушовири миллї оид ба сиёсати гендерї, љавонон ва рушди соњибкорї900004751

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat