ЛРЧЧ-2 ДАР БЕҲТАРГАРДОНИИ САТҲИ ЗИНДАГИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ САҲМИ АРЗАНДА ГУЗОШТ

 

Ятимова Махбуба яке аз зани фаъол, ва аъзои фаъоли ҶИЧ Қаратов-2017 мебошад. Қаратов-2017 дар деҳаи Куҳдомани ноҳияи Фархор воқеъ мебошад. Соли 2018 дар деҳаи Куҳдоман ГТДЗ бо ҷалби 10 нафар занони хонашин дар самти парвариш, коркард ва маркетинги хуч ташкил карда, Ятимова М, ки нисбати ин соха майлу рағбати зиёд дошт, сардори гурухи занон интихоб гардид. Барои фаъол гардонидани гуруњ бо маблағгузории ФБРК дар доираи татбиќи ЛРЧЧ-2 дар 1 га замин боғи хуч бунёд намуда, дастгоҳњои мевахушккунї ва басту банд намудани мева дастрас карда шуд.

ГТДЗ Каратов-2017 бо истифода аз дастгоҳҳои хушконидани меваю сабзавот ва бастубандкунии он дар мавсими ҷамъоварии меваю сабзавот зиёда аз 3050 кг мева аз қабили зардолу, себ, олу ва хуч хушк намудаанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи оилаҳояшон миқдори муайяни маблағ даромад намудаанд.

Гуруҳи мазкур ҳамаи талошхояш барои ба даст овардани даромад мебошад ва даромадашонро маҳз дар таълиму тарбияи фарзандон ва васеъ намудани кору фаъолияташон сарф менамоянд. Фарзандон бошанд дар истифодаи технологияи навин ба ин гуруҳ кумак менамоянд. Махз хамин кумаки фарзандонаш буд, ки новобаста аз мушкилоти бамиёномадаи пандемияи Ковид-19 онҳо дар соли 2020 - 2021 бо истифода аз интернет махсулоти хушкнамудаашро ба фуруш бароварда, сохиби манбаи даромад гардид.

Пешбурди фаъолияти Гуруҳи мазкурро Ятимова Маҳбуба ба ӯҳда дорад, ў мегуяд, ки “Вакте, бо кўмаки фарзандон мо махсулоти хушккардаамонро дар сомонаи интернет дар эълони фуруш гузоштем, бисёр харидорон ба мо занг заданд ва хатто аз махсулоти пешниходкардаи мо дида зиёдтар махсулоти дархост карданд, ки ин шавқу рағбати маро баро зиёд кардани махсулотам дучанд гардонид. Ҳамин тавр мо ба хулосае омадем, ки боғи хучамонро иловатан 0,5 га васеътар намоем, то ки дар вақти ҷамъоварии ҳосил тавонем маҳсулоти зиёдтар ба даст орем ва шумораи аъзоёни гуруҳамонро низ зиёд намоем.”

Дар давоми фаъолияти кори аз соли 2018 то ин ҷониб ГТДЗ дар деҳаи Куҳдоман дар баробари парвариш, коркард ва маркетинги хуч боз ба ҷамъоварии дигар навъи меваю сабзавот низ машғул мебошанд. Аз ҷумла дар мавсими ғунудошти зардолу дар як мавсим зиёда аз 1 тонна зардолу хуш намуданд. Ба ҳамин монанд меваи себ, олу ва ғайраҳо низ хушк намуда, ба бозори маҳаллӣ ба фуруш баровардаанд.

Дар дењаи Куҳдоман занон асосан ба фаъолияти кишоварзї ва чорводорї машѓул аст. Қабл аз ин онҳо намедонистанд, ки маҳсулотҳои барзиёдро бо кадом роҳ истифода баранд. Маҳз бо маблағгузории ФБРК ва татбиќи ЛРЧЧ-2 дар дења шароит фароњам оварда, иќтидорњои истењсоли боло рафта, занон аз меваљоте, ки солњо талаф меёфтанд, маблаѓ ба даст оварда, инчунин бозори дења ва ноњияро бо ин мањсулот таъмин намоянд.

Ятимова М. иброз дошт, ки “Қабл аз ин Лоиҳа, мо нисбати навъи буттаи хуч таваҷҷуҳ надоштем ва намедонистем, ки нархи ин маҳсулот чи қадар аст ва ин мева чи манфиат дорад. Баъд аз оне, ки кормандони ЛРЧЧ-2 ба мо оид ба парвариши коркарди хуч омўзиш гузарониданд, мо дарк кардем, ки ки ин навъи бутта на танҳо ба буҷаи оилаҳои мо фоида меорад, балки табиати моро нмз ҳифз намуда, заминҳои моро аз таназулёюї нигоҳ медорад. Рањмат ба кормандонни Лоиња, ки занони хонашини дењаро омада таљрибаомўзи карданд, мо ёд гирифтем ва њоло мустаќилона ба парвариши хуч ва хушк намудани мевањо машѓул шуда, мањсулотњоямонро тариќи интернет ба фурўш мебарорем. Њоло мо на танњо хуч балки дигар мевањоро, аз ќабили зардолу, себ ва олу хушк намуда истодаем. Гуруњи мо аз сармоягузории ФБРК бисёр миннатдор аст, бо умеди боз ҳам рушд додани ин фаъолиятамон пайваста кушиш менамоем”.

Дар шароити иќлимии дења парвариши хуч мутобиќ ва манфиатовар аст. ЛРЧЧ-2 тавонист, ки ба ин васила занони дењаро ба соњикорї љалб намуда, даромаднокии онњоро баланд бардорад.

 

Абдурасулов Шухратљон

Њамоњангсози ЛоињаShuhrat 11111111Shuhrat 222222222Shuhrat 33333333

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat