Дастрасӣ доштан ба чизе ё надоштан омили ҷиддиест, ки пешравии ҷомеаро дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маълум менамояд. Барои деҳқонони ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон низ ин далели раднашаванда аст. Дар ҳамкорӣ бо Маркази татбиқи лоиҳаҳо оид ба “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” деҳаҳои зерҳадаф тавонистанд, ки аз тариқи лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” теъдоди зиёди техника ва мошинолотро дастрас гардонанд. Аммо шумораи техникаҳои гирифта ҳануз кофӣ набуд. Мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии созмон додашудаи деҳоти зерҳадаф иловатан боз техника ва мошинолоти кишоварзиро дархост намуданд. Бо назардошти ҳамин дархостҳои деҳқонон Марказ кӯшиш намуд, ки талаботи онҳоро бо техника таъмин намояд. Ва ниҳоят ин лаҳза ҳам фаро расид.