Лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” (Лоиҳа), Лоиҳаи давлатии сармоягузорие мебошад, ки бо маблағгузории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ татбиқ шуда истодаааст, ба дастгирии ҷомеаҳои интихобшуда равона гардидааст ва самти ҳамкории он соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ мебошад. Дар лоиҳа ташкил намудани гуруҳҳои манфиатгирандагон яке аз фаъолиятҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ин фаъолият бештар бо дастгирии бевоситаи деҳқонони алоҳида ва занҳои деҳот алоқаманд аст. Дар доираи ҳамин ҳамкориҳо тобистони соли 2020 дар ноҳияҳои зерҳадафи минтақаҳои Хатлон ва Рашт теъдоди 35 гуруҳҳои ташаккули даромадовари занон ташкил карда шуд, ки фаъолияти аъзоёни онро консерва намудани маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад. Ин фаъолият дар лоиҳаҳои амалигардидаи Муассисаи давлатии “Маркази идораи Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” ҳамчун соҳаи дастгиришаванда бори аввал истифода шудааст. Бояд қайд намуд, ки ба 450 нафар занҳои эҳтиёҷманди деҳот аз ҷониби Лоиҳа барои консерва намудани маҳсулоти кишоварзӣ маводҳои зарурӣ, аз қабили шакар, банка, даҳанак ва таҷҳизот аз ҷумла:банкамаҳкамкунак, миксер, гуштқимакунак ва дег дастрас карда шуд. Ҷолиби қайд аст, ки ҳар мавод ва таҷҳизоти пешниҳодшуда ҳадафи маълум дорад. Масалан, даҳанмаҳкамкунак барои он дода шуд, ки дар деҳот барои консерва намудан барои занҳо зарурати калон дорад, аммо аксар маврид дастрас нест. Бинобар набудани банкамаҳкамкунак бештари занҳое, ки бо бозор робитаи наздик надоранд, маҳсулоти худро консерва карда наметавонанд. Доштани ин таҷҳизоти дар назар ночиз, вале дар асл хеле зарур, фаъолияти консервакунии маҳсулотро ба занҳои деҳот, хосатан деҳоти аз бозорҳо дур имконпазир мегардонад. Миксер барои гирифтани оби меваҳо, гуштқимакунак барои қима кардани мева ва сабзавот ва дег барои безарар гардонидани зарфҳо ва пухтани мураббо ва ғайра истифода мешаванд. Бо дастрас намудани таҷҳизоти қайдгардида занҳо имкон пайдо мекунанд, ки ҳамаи корҳои заруриро барои консерва намудан риоя ва иҷро намоянд.
Моҳи октябри соли ҷорӣ бо аъзоёни гуруҳҳо дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Дӯстӣ мусоҳиба гузаронида шуд. Дар ин мусоҳибаҳо занҳо оиди манфиатҳои ҳамин фаъолият мулоҳизаҳои худро пешниҳод карданд. Дар зер якчанд ақидаи онҳо пешниҳод карда мешавад:
Тасмимгирии занҳо барои солҳои баъдӣ дар вохуриҳо гувоҳ аз он аст, ки онҳо барои васеъ намудани консервакунии меваҳо ва сабзавот қадами ҷиддӣ гузоштаанд ва он далели хуб дар самти усутувории фаъолияти гуруҳӣ мебошад.
Наимов Насрулло
Мушовир оид ба сиёсати гендерӣ ва ҷавонон