Тақвияти механикунонии кишоварзии деҳот

 

Дар бинои Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” рӯзи 13 декабри соли 2021 оид ба татбиќи зерқисмати механикунонии соҳаи кишоварзӣ вохурии директори Марказ Хоҷазода А. бо коршиносони байналмилалӣ оид ба пешнињоди хизматрасонињои техникаи кишоварзї ва таъмири он, Бумаков В. ва Склифос С., ки дар доираи лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” аз ҷониби шарики лоиҳа Созмони озуќа ва кишоварзии СММ (ФАО) даъват шудаанд, вохурӣ баргузор гардид.

Дар раванди вохурӣ оид ба тақвият бахшидани соҳаи механикунонӣ, дастгирии марказҳои хизматрасонӣ ва таъмири техникаҳои кишоварзӣ, инчунин тартиби маблаѓгузории он дар доираи Лоиҳа мавриди тањлилу баррасї ќарор дода шуд.  

Тибқи барнома аз љониби коршиносони номбурда дар ноњияњои зерњадафи минтақањои фаъолияти Лоиҳа (Хатлон, Суғд ва Рашт) аз 14 то 18 декабри соли 2021 бо ҷалби намояндагони ташкилоту идорањои дахлдор, хољагињои дењќонї – фермерї ва соњибкорони ҳавасманд оид ба пешниҳод намудани хизматрасонӣ ва таъмири техникањои кишоварзї гузаронидани семинари омӯзишӣ ба наќша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки механизми татбиќи зерќисмати Лоиња дар самти механикунонии соҳаи кишоварзӣ аз љониби ФАО тањия карда мешавад.555555555555555555555555555555

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat