Таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ аз масъалаҳое ба ҳисоб меравад, ки риоя ва дастгирии он мақеи занҳоро дар ҷомеаи имрӯза баланд мебардорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хос доранд. Дар ҳамаи вохуриҳое, ки бо сокинони ноҳияҳои гуногуни мамлакат доир мегардад, ҷаноби олӣ оиди таъмини баробарҳуқуқии ҷинсӣ фикрронӣ мекунанд ва барои дастгирии занони деҳот ҳарф мезананд. Мақомотҳои маҳаллӣ соҳае мебошад, ки иштироки занон дар идоракунии он аҳамияти калон дорад. Ҳамчун анъана дар мавриди интихоби раисони МХҶ-ҳо аксар ҳолат мардони кордону солор пешниҳод мегардад. Аммо солҳои охир ин рафтори расм гардида кам- кам тағйир ёфта истодааст. Мисоли хуби он интихоб гардидани занҳо дар мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ аст. Ноҳияи Дӯстӣ аз ҷумлаи 7 ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷ