Ҳолати мелиоративии 337 га замини кишоварзӣ дар деҳаҳои Горкий ҷамоати деҳоти Яккадин, Вахш ва Маҳтумқули ҷамоати деҳоти Истиқлол, А.Навои ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун беҳ карда шуд

    Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзи дар заминаи ҷомеа” аз тарафи Муассисаи давлати “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводори ва чарогоҳҳо” бо мақсади тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва ба ин васила паст кардани сатҳи оби зеризаминӣ, беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ба мақомоти худфаъолиятии ҷамъияти (МХҶ) “Горкий”-и ноҳияи Ҷайҳун 1 адад экскватори тасмачарх моҳи августи соли 2021 дастрас карда шуд.

Dilovar 111Баҳодур Ганҷалов-Раиси МХҶ “Горкий” қайд намуд, ки бо истифода аз экскватори дастрасгардида зиёда аз 1 км каналҳои обпартои деҳа ва зиёда 2 км заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагии деҳа тоза карда шуд, ки ин боиси паст гардидани обҳои зеризаминӣ гашта, 64 га замини кишоварзии деҳа аз шўршавии замин эъмин дошта мешавад. Инчунин зиёда аз 9 км заҳбуру заҳкашҳои ноҳия тоза карда шуда, сатҳи оби зеризаминии 337 га замини кишоварзӣ дар деҳаҳои Горкий ҷамоати деҳоти Яккадин, Вахш ва Маҳтумқули ҷамоати деҳоти Истиқлол, А.Навои ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳия паст рафта истодааст. Дар натиҷа ҳолати мелиоративии замини корам беҳтар гардид, ки ин барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои мазкур мусоидат менамояд.

МХҶ “Горкий” тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда заҳбуру заҳкашҳо ва каналҳои обпартои ҳудуди дигар хоҷагиҳои ноҳияро тоза намуда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар амалисозии ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузорад.

 

Маҷидзода Диловар

Мушовир оид ба рушди ҷомеа дар ноҳияи Ҷайҳун

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat