Истифодабарии гармхонаҳо дар шароити тағйирёбии иқлим

       Дар доираи  лоиҳаи  “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” (Лоиња) дар ноҳияҳои зерҳадаф 22 адад гармхонаҳо барои парвариши зироатњои кишоварзї сохта ба истифода дода шуданд, ки ин дар таъмини 44 нафар аъзоёни маќомоти худфаъолияти љамъияти (МХЉ) зерњадафи Лоиња бо љои кори доимї ва гирифтани даромади иловагї мусоидат менамояд. Баҳрагирандагон дар дохили гармхонаҳо зироатҳои гуногун парвариш намуда, барои баланд бардоштани затњи зиндагии худ аз фурӯши он даромад ба даст меоранд.

Албатта, аъзоёни МХЉ дар парвариши зироатҳо таҷрибаи кофї доранд, аммо тағйирёбии иқлим дар шароити имрўза донишҳои иловагии агрономиро талаб менамояд. Бо назардошти ҳамин, аз љониби мушовирони Лоиња дар мавзеҳои ташкилгардидаи гармхонаҳо ба баҳрагирандагони ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Дӯстӣ ва Ҷайҳун дар мавзуи “Парвариши растаниҳо дар шароити гармхона” рўзњои аз 12 то 30 апрели соли 2022 семинар-омўзиш бо иштироки 70 нафар аъзоёни МХЉ гузаронида шуд.greenh 1

Ба иштирокчиёни семинар-омўзишњо оид ба интихоби дурусти зироатҳо, киштгардон, истифодаи дурусти маводҳои маъданӣ ва кимиёвї, роҳҳои нигаҳдории намї дар хок ва њимоя намудани растаниҳо аз касалињо, зараррасонњо ва таъсири гармо тавсия дода шуд.  

Баъд аз анҷоми қисми назариявии семинар иштирокчиён ба гармхонаҳо рафта, аз фаъолиятҳои якдигар шинос гардиданд. Дар ҷараёни шинонидани кучатњо ва вазъи нашъунамои зироатҳо ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои парвариши растаниҳо машварат дода шуд. Иштироки фаъолонаи занҳо дар семинар-омўзишњо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо барои парвариши зироатҳо ҳавасманд мебошанд. Greenh 2       

Дар гармхонаҳо кӯчатҳои помидор, бодиринг, қаламфурҳои ширин ва тунд, шалғамча, ҳандалак ва ҳар гуна кабудиҳо кишт карда шудаанд.   Кӯчатҳои ҳандалак ба  майдонҳои кушод гузаронида шудааст, ки барои барвақт ба бозор баровардани ҳосили он мусоидат менамояд. Инчунин баъзе занҳо ниҳолҳои парваришкардаи худро дар бозорњои дења ва ноњия ба фурӯш бароварда, даромади иловагї ба даст оварданд.

Дар натиљаи гузаронидани семинар-омўзиш иштирокчиён маъумотҳои заруриро ҷиҳати таъмини устувории зироатҳо дар шароити тағйирёбии иқлим аз худ намудаанд.

Дар охир, иштирокчиёни семинар-омўзиш барои ташкил намудани гармхонањо ва ба ин васила бењтар намудани шарои зиндагии мардуми дењот миннатдории худро ба Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзї баён намуданд.

Муродов Юсуф-Мушовир оид ба масъалањои кишоварзї/агроном      

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat