Ҳосилхез гардонидан ва истифодабарии устувори чарогоҳу алафзорҳо

 

Дар рушди соҳаи чорводорӣ масъалаи таъмини чорво бо хӯрок нақши асосиро мебозад ва аз ин лиҳоз яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини хуроки чорво – чарогоҳҳо мебошанд.

Чарогоҳхои Тоҷикистони ҷанубӣ базаи асосии хӯроки чорвои вилояти Хатлон ба ҳисоб мераванд. Аз рӯи таносуб ва захираи хӯрокӣ алафзорҳои табиӣ дар ҷои аввал меистанд. Дар амалияи соҳаи чорводорӣ, аз он ҷумла барои гусфандпарварӣ ва чорвои гуштию ширӣ хуроки алафи чарогоҳи табиӣ серғизо ва арзон мебошад. Вале солҳои охир аз рӯи бетанзим чаронидани чорво вазъи чарогоҳ рӯ ба танназул ниҳодааст. Хусусан чарогоҳҳои баҳорӣ, ки дар онҳо бештар растаниҳои эфемерӣ ва эфемероидӣ мерӯяд, барвақт ва мӯҳлати зиёд истифода мешаванд.

Чарогоҳҳо асосан дар баландиҳои гуногунҳамвориҳо ва талу теппаҳои наздикӯҳӣ, миёнакӯҳ ва баландкӯҳ ҷойгир шудаанд. Ингуна ҷойгиршавӣ барои истифодабарии мавсимии онҳо аз давраи аввали сабзиши растаниҳо таъсири худро мерасонад. Чунин хосияти чарогоҳ барои дар давоми сол таъмин намудани чорво бо хӯрокиҳои гуногун ва беҳтар кардани маҳсулнокии онҳо аҳамияти калон дорад.  Дар ҳамвориҳо ва нишебиҳои наздикӯҳӣ алафҳои пастпоя ва хӯшадорҳои баландпояи эфемерию эфемероидии чарогоҳҳои баҳорӣ бартарӣ дорад. Дар доманакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо бошад, алафҳои баландпояи набототи саваннамонанд ва марғзорӣ паҳн гардидаанд, ки ҳамчун чарогоҳҳои тобистона дар давоми сол истифода мешаванд.

           Чаррогоҳу алафдаравҳои саваннамонанд манбаи хӯроки арзон ва хушсифат буда, барои пешрафти чорводории ҷумҳурӣ аҳамияти калон доранд. Вале аз рӯи бенигоҳубин ва номунтазам чаронидани миқдори зиёди чорвоҳосилнокии онҳо паст шуда истодааст ва дар тарқиби алафзорҳои танназулгардида, растаниҳои серҳосили хӯроки чорво кам мешаванд. Вақтҳои охир майдони зиёди алафдаравҳои табиӣ барои кишти растаниҳои ғалладонагӣ шудгор карда шудаанд. Аз ин рӯ хело муҳим аст, ки захираи хӯрокии чарогоҳҳои саваннамонанд коркард ва технологияи барқароркунии ҳослнокӣ ва истифодаи устуворонаи онҳо ба роҳ монда шавад.

Дар чарогоҳҳои ҳамвориҳо ва талу теппаҳои наздикӯҳии Тоҷикистони ҷанубӣҳарорати ҳаво дар фасли зимистон мӯътадил будаҳамасола растаниҳо нашъунамо меёбанд. Баробари ин бодҳои баҳримиёназаминӣ дар ин фасл боришоти зиёдро ба вуҷуд меоранд. Тобистон дар минтақаҳои наздикӯҳӣ қариб, ки боришот намешавад. Барои ҳамин дар ин ҷо дар давоми сол ҷамоаи растаниҳо аз рӯи таркиби наботот ва гуногунии экологӣ дар зимистону баҳор ба ҷамоаи растаниҳои пастпояи саваннамонанд ва тобистону тирамоҳ ба растаниҳои ба хушки тобовари биёбонӣ иваз мешаванд.

Муқаррар карда шудааст, ки дар чарогоҳу алафзорҳои Тоҷикистони ҷанубӣ зиёда аз 700 намуди растаниҳои хӯроки чорво месабзанд ва дар давраҳои гуногуни сабзиш онҳоро чорво истеъмол менамояд. Хусусияти биологӣ, экологӣ ва ҳосилнокии умумии баъзеи онҳо омӯхта шудаанд. Дар ин ҷо популятсияи растаниҳои пурқиммату серҳосили хӯрокии чорво, ки барои кишт кардан ва корҳои селексионӣ муфиданд, зиёд дида мешаванд.  Ба қатори онҳо хардумаҷави пиёзакдорҷорубаки пиёзакдор, мунҷи борикбарг, юнучқаи муқаррарӣ, намудҳои қатраборон, юнучқаҳои яксола ва ғайра дида мешаванд.

Нақши растаниҳои хӯшагӣ чун алафи хӯроки чорво дар чарогоҳ хело калон аст. Дар бисёр маврид онҳо бар тарқиби маҷмӯи алафзор бештар вомехӯранд. Аз 157 намуди хӯшадорон, ки дар ҳудуди чарогоҳҳои вилояти Хатлон муайян карда шудааст, 85 намуд (54%) и он чун доминанти алафзори чарогоҳ нақши муҳим дорад. Аз рӯи паҳншавӣ ва аҳамияти хӯрокӣ ҷави пиёзакдор, аҷириқ, бомас ва мастаки бисёрсола ҷои аввалро ишғол менамоянд. Баъди растаниҳои дар боло зикргардида боз нигоҳ доштани мувозинати алафҳои хурокии чорво дар чарогоҳ хушадорони эфемерӣ нақши муҳим доранд.

Барои барқароркунии чарогоҳҳои баҳорӣ – тирамоҳӣ дар давоми сол истифодашаванда ҷави пиёзакдорҷорубаки пиёзакдор, инчунин аз растаниҳои ба гармӣ тобовар ба монанди кейрук, изен, чогон, шибоғ, ки баҳору тирамоҳҳосилнокиашон 14-16 с\га массаи хушкро ташкил медиҳад, кошта мешаванд. Иқтидори хурокии алафзорҳои кошташуда аз чарогоҳҳои табиӣ 3- 5 маротиба зиёдтар аст. Барои беҳтар намудани сохтори алафзорҳои танназулёфта коштани растаниҳо ба монанди мунҷқатраборонҷави пиёзакдор ва дигар намуди алафҳои  хурокии чорво тавсия карда мешаванд.

Истифодаи васеъи чунин технологияҳо маҳсулнокии чарогоҳҳои эфемеру эфемероидӣ ва шибоғзорро баланд мебардорад.

 

А. Мадаминов, Т. Иргашев

Институти чорводории АИКТ

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat