Беҳтар намудани ҳолат ва баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо

 

Истифодаи ҳамасолаю бетанаффус ва бенизоми чарогоҳҳо боиси фарсоишёбии ҳолати табиӣ ва маҳсулнокиашон гардидааст. Барои беҳтар намудани самаранокии минбаъдаи чарогоҳҳо чорабиниҳои зеринро анҷом додан лозим аст:

ü Ба қитъаҳои замини дар фасли баҳор истифодашаванда тухми растаниҳои хӯроки чорво аз қабили қатраборон (эпарсет), юнучқаҷорубаки пиёзакдору бомус пошидан муфид аст, то ин ки ҳиссаи алафҳои хӯрокии чорво дар ин қитъаҳо зиёд шаванд.

ü Реҷаи истифодабарии қитъагӣ (хусусан қитъаҳои дар фасли баҳор истифодашаванда) роҳандозӣ карда шавад.

ü Ҳангоми боришоти баҳорӣ, пеш аз хушабандии алафҳо ба ҷойҳои алафи паст мерӯидаи алафзор нурии азотӣ ва пеш аз боридани барф охирҳои тирамоҳ нуриҳои фосфорӣ андохта шавад.

ü Инчунин обтаъминкунии чорворо дар қитъаҳои дуртари чарогоҳ, хусусан тирамоҳ роҳандозӣ кардан лозим аст.

ü Барои беҳтар намудани маҳсулу самаранокии минбаъдаи чарогоҳ лозим дониста мешавад, ки ҳиссаи растаниҳои хӯроки чорво дар таркиби он зиёд карда шавад.

ü Қисме аз ин растаниҳоро баъди расидани тухм даравида, тухми онҳоро гирифта, ба дигар қитъаҳо пошидан лозим аст. Хусусан барои зиёд намудани алафҳои қатраборон ва хардумак бештар аҳамият додан лозим аст, чун ки ин алафҳо  ҳам аз ҷиҳати ғизонокӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳосилнокӣ беҳтарин ба шумор мераванд.

ü Фарсоишёбии хок дар баъзе мавзеъҳои чарогоҳҳо асосан ҳангоми боришоти шадид ва обшавии  барф рӯй медиҳад. Барои пешгирии шусташавии хок бояд шинонидани дарахту буттаҳои нав ва манъ кардану буридани дарахту буттаҳои мавҷуда ба роҳ монда шавад.

ü Кам намудани талафёбӣ ва истифодаи самараноки намӣ.

ü Ҷорӣ намудани низоми дорои самараи баланди коркарди хок.

ü Пешгирии эрозия, истифодаи нурӣ ва агротехникаи зидди бодлесшавӣ.

ü Таъми намудани роҳҳо ва купрукҳои чорвогузар.

ü Ташкил намудани муассисаҳои тухмипарварии алафҳои табии хӯроки чорво.

 

Умуман барои барқарор намудани сохтор ва ҳосилнокии чарогоҳҳои табиӣ, ба танзим даровардани истифодабарии онҳо масъалаи аввалиндараҷа мебошад. Барои ин ҷорӣ кардани нақшаи мушаххаси чарогоҳгардон дар ҳар як қитъаи чарогоҳ хатмист. Дар қитъаи аз чаронидани чорво озод, барои тезонидани барқарорсозии алафзор кишти растаниҳои серҳосили хӯроки чорво мувофиқи мақсад мебошад. Бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки миқдори растаниҳои лӯбиёгӣ дар таркиби алафзор тезтар афзоиш ёбад.

 

Иргашев Т.А.

Институти чорводории АИКТ

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat