Брутселлёз

 

Касалии сирояткунандаи ҳайвонот ва одамон мебошад, ки барангезандааш бактерияҳое мебошанд, ки «брутселла» номида мешаванд. Ҳайвоноти сироятёфта (гов, буз, гусфанд) микробҳоро ба воситаи шир, пешоб, саргин, ҳамроҳак дар давоми тамоми беморӣ хориҷ мекунад.

Нишонаҳои беморӣ.

Дар байни модаговҳо ва ғуноҷинҳои ҳомилаи 5-8 моҳа бачапартоӣ сар мешавад. Баъди он аксар вақт ҷудошавии хас (ҳамроҳак) кашол меёбад. Дар батн мондани он зиёда аз 24-28 соат ба касалиҳои бачадон оварда мерасонад ва сабаби мӯҳлати дароз ё тамоман бенасл шудани онҳо мегардад. Ғайр аз аломатҳои бачапартоӣ боз варамкунии буғумҳои пойҳои ҳайвонот пайдо шуданаш мумкин аст.

Пешгирӣ ва мубориза

ü Саривақт аз тадқиқоти серологӣ (гирифтани хуни чорво) гузаронидани чорво;

ü Ваксинатсия намудани чорвои солим барои пешгирии касал. Дар Тоҷикистон барои пешгирии брутселлёзи чорвои калон аз ваксинаи шт. 82 ва барои гусфанд аз ваксинаи РЕВ-1 истифода мебаранд;

ü Безарар кардани оғилхонаҳо ва ҷойи нигоҳдории чорво бо маҳлули 3% - и ишқори натрий ё маҳлули 20% -и оҳаки навшукуфта;

ü Риоя намудани қоидаҳои шахсии санитарӣ – гигиенӣ ҳангоми сару кор гирифтан бо чорво.

  

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat