Парвариши юнучқа

 

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон юнучқа зироати асосии ивазнашавандаи алафҳои бисёрсолаи лубиёгӣ ба шумор меравад. Вай бо серҳосилӣ ва сифати баланди қиммати хӯрокиаш фарқ мекунад. Юнучқа барои тайёр кардани беда, хӯроки сабз, силос, тарбеда, орди алаф, хӯрокаҳои ғурушагӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Бедаи юнучқа дар таркибаш 15-20 фоиз протеин, 2-2, 5 фоиз равған, маҷмӯи аминокислотаҳои пурқиммат (лизин, метионин ва ғайра), намакҳои минералӣ ва витаминҳо дорад. Як килограмм бедаи нав тайёркардашудаи юнучқа дар таркиби худ то 90 мг. каротин, 14 гр. калсий дошта, вобаста ба навъ, шароити парвариш ва вақти дарав бошад, аз 0, 5 то 0, 55 воҳиди хӯрокӣ дорад. Юнучқа дар таркиби худ нисбат ба алафҳои бисёрсолаи ғаллагӣ 2,5-3,0 баробар зиёдтар протеини ҳазмшаванда дорад. Ҳазмшавии хӯрокиҳои аз юнучқа тайёркардашуда баланд буда, ба 70-80 фоиз мерасад.

Мувофиқи маълумотҳои Стансияи минтақавии таҷрибавии хоҷагии қишлоқи водии Вахш ҳангоми гузаронидани 6-7 дарав аз як гектар 180-200 сентнер беда мегиранд, ки он 8-9 ҳазор воҳиди хӯрокаи сафедадор ва то 25-28 сентнер протеини ҳазмшавандаро ташкил медиҳад.

Дар вақти ғунучин нигоҳдории сифати беда бисёр муҳим аст. Баргҳо нисбат ба пояҳо дар таркибашон 2 баробар протеин, 7 баробар каротин, 4-6 баробар зиёдтар витаминҳо доранд. Аз ин рӯ бояд усули ғунучини ҳосил барои беда ба нигоҳдории баргҳо ба таври максималӣ мусоидат кунад.

Орди алафи аз бедаи ба таври сунъӣ хушконидашудаи юнучқа бо ғизонокии баландаш фарқ мекунад. Дар чунин хӯрока нисбат ба бедае, ки дар шароити табиӣ хушконида шудааст, миқдори протеин 4-7, каротин 4 ва воҳиди хӯрока 1,6 маротиба зиёдтар аст.

         Юнучқа аҳамияти баланди агротехникӣ ва мелиоративӣ дорад. Аз рӯи маълумотҳо дар сурати риояи қатъии усули парвариш ин зироат метавонад дар хок то 500 с\га нитрогени биологӣ ва 30-40 т\га моддаи хушк ҷамъ намуда, ба таври чашмрас ҳосилхезии хокро баланд карда, ҳолати фитосанитарии майдонҳоро беҳтар намуда, паҳншавии алафҳои бегона, ҳашаротҳои зараровари зироатҳои кишоварзӣ, касалиҳо, аз ҷумла вилти пахтаро кам кунад. Юнучқа ба туфайли силсилаҳои решаҳои чуқурравандааш метавонад сатҳи обҳои зеризаминӣ ва миқдори намакҳоро дар хок паст кунад.

         Бинобар ин юнучқа дар киштгардонҳои пахта, ғаллагӣ, бехмева, растаниҳои равғанидиҳанда ва дигар зироатҳои кишоварзӣ пешкишти хуб аст.

Юнучқа зироати қадимтарин буда, дар ҷаҳон ба таври васеъ паҳн гаштааст. Зироати юнучқа дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон паҳн шуда, дар заминҳои обӣ ва лалмӣ парвариш карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки дар заминҳои нишеб коштани юнучқа яке аз воситаҳои хуби муҳофизати обшусташавии хок мебошад.

      Ҳосилнокии юнучқа

Юнучқа қобилияти баланди ҳосилнокӣ дорад. Дар сурати риояи дурусти усулҳои парвариш ҳосилнокии юнучқаи хоҷагиҳои пешқадам дар 6-7 дарав то 200-500 с\га ва дар заминҳои лалмиии аз боришот таъмин то 50-60 с\га (дар ду дарав) мерасад.

Ҳосилнокии миёнаи тухмии юнучқа 2-3 с\га – ро ташкил менамояд. Дар шароити риояи низоми усули парвариш аз заминҳои обӣ 4-5 с\га ва аз заминҳои лалмии бо боришот таъмин 1,0-1,5 с\га тухмӣ мегиранд.

Юнучқаи киштбоб буттаи пурқуввати сершоха дошта, миқдори пояҳояш то ба 150 дона мерасад.

Юнучқаи киштбоб дар шароити мусоид дар як ҷой 8-10 сол ва аз ин ҳам зиёдтар месабзад. Дар соли дуюм ва сеюми сабзиш ҳосили хеле баланд медиҳад. Дар фасли зимистон қисми рӯизаминии юнучқа мемирад, решаҳо ва саракаш (минтақаи панҷазанӣ) бо мӯғчаҳояш зимистонро аз сар мегузаронанд.

 

       Сардоров М.Н.

      Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat