Рушди соҳа масъулиятро талаб менамояд

 

Аз меъёри физиологӣ кам истеъмол намудани гушт ва шир яке аз проблемаҳои асосии таъминоти ҳифзи саломатӣ ва бехатарии аҳолӣ бо озуқа ба шумор меравад. Аз  рӯи маълумотҳои Ташкилоти кишоварзӣ ва озуқаи СММ дар миқёси ҷаҳон истеҳсоли гушт ва маҳсулоти гуштӣ ҳамагӣ 9%, шир ва маҳсулоти ширӣ 21%-ро аз меъёри физиологӣ ташкил мекунад. Норасогии гушт ва маҳсулоти ширро бештари аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳисоби барзиёд истеъмол намудани маҳсулоти ғалладонагӣ ва нон рӯйпуш мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва коркарди аввалиндараҷаи он, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти чорво ва баланд намудани даромаднокии хоҷагиҳои чорводор ба устувории ҳифзи бехатарии озуқа мусоидат менамояд.

То солҳои 2000-ум саршумори говҳо нисбатан кам гашта буданд, гусфанду буз низ дар ҳамин ҳолат қарор дошта, аз 3 млн. ба 2 млн. расида буд. Аз соли 2001 сар карда, саршумори чорво, махсусан дар бахши хусусӣ ва хонаводаҳо сол ба сол зиёд гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки масоҳати чарогоҳи Тоҷикистон 3, 9 млн. гектарро ташкил менамояд, ки аз ин 0, 72 млн. гектараш заминҳои обӣ мебошанд.

Дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бахши аграрӣ мақоми хос дорад, ки 27 фоизи ҳаҷми маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил ва 70% аҳолиро бо ҷойи кор таъмин менамояд. Маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ 26 фоизи ҳаҷми содиротии маҳсулот ва 39 фоизи даромадҳои андозро ташкил мекунад. 66 фоизи аҳолии мамлакат ба кишоварзӣ машғуланд. Аз се як ҳиссаи рушди иқтисодиёти ҷумҳуриро кишоварзӣ ташкил медиҳад, ки ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Хамзамон дар Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ асосан дар се категорияи хоҷагидорӣ: корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ – фермерӣ ва хоҷагиҳои хонаводагӣ истеҳсол карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки масъалаи омода намудани хуроки чорво ва мустаҳкам гардонидани заминаи он яке аз масъалаҳои асосии рушди соҳа ба шумор меравад. Таи солҳои охир ҳолати заминаи хуроки чорво коҳиш ёфт. Ҳолати ба амаломада сабаби асосии камшавии маҳсулнокии чорво ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа гардидааст. Дар ин замина тараққӣ додани чорводорӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар ҷумҳурӣ бояд пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаи муҳимтарин, яъне барои чорво бавуҷудорӣ ва тақвияти заминаи хурока нигаронида шавад.

Барои вусъат додани суръати хотимадиҳии давраи барқароркунӣ ба хоҷагиҳои чорводории сохтори гуногуни хоҷагидорӣ вобаста кардани заминҳои обӣ ва лалмӣ ба мақсад мувофиқ мебошад, то онҳо тавонанд ба миқдори зарурӣ хуроки чорво истеҳсол карда тавонанд. Дар ин робита агар ҳам ба фермаҳои ҷамъиятӣ ва ҳам барои хоҷагиҳои фермерӣ ва аҳолӣ, ки ба чорводорӣ машғуланд ва дигар бахшҳои ба ин монанд ба ҳисоби ҳар сар чорвои шартӣ 0, 5 – 2, 0 гектар замини обӣ ва лалмӣ (аз рӯи бонитет), дар минтақаҳои кӯҳсор ва баландкӯҳ бошад, ба масоҳати лозима марғзор ва чарогоҳ ҷудо намуда, вобаста карда мешуд, ин кор барои рушди минбаъдаи соҳа заминаи мусоид мегузошт. Маҳз бо туфайли босуръат афзудани истеҳсоли хуроки чорво аз ҳисоби зиёд шудани масоҳати замини кишт, истифода намудани технологияҳои пешқадам ва ба тартиб даровардани сохтори он, истифодаи навъҳои серҳосил, ҷорӣ гардидани кишти байниқаторӣ, такрорӣ ва якҷояи зироатҳо, ҷорӣ намудани тарзу усулҳои самарабахши парвариши киштзор, беҳтар гардидани сифати хурока ва тайёр кардани он, ташкили хуби ба чорво хуронидани он истеҳсоли маҳсулоти чорводориро зиёд намудани мумкин аст.

Муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ як қатор навъҳои зудраси зироати хуроки чорво, ба монанди ҷуворимаккаи «Шӯҳрат», ҷувории «Вахш-10», юнучқаи «Вахш -300», овёси «Тоҷикии -50», «Вахш -110», «Тезпазак», викаи «Тоҷикии – 60» ва «Тоҷикии -31» - ро офариданд, ки ҷорӣ намудани онҳо ва дигар зироатҳои серҳосили селексияи ватанию хориҷӣ дар амалияи кишоварзӣ имконият медиҳад, ки миқдори хуроки чорво аз ҳар гектар 1, 5 – 2, 5 баробар зиёд карда шавад. Агар ҳар сол дар 80-100 ҳазор гектар замин зироатҳои такрорӣ, байниқаторӣ ва якҷоя кишт карда шавад, ба таври илова 200-220 ҳазор воҳиди хуроки чорво ба даст меояд. Дар кишти якҷоя, хусусан ҷуворимакка бо лаблабу, лубиё бо ҷуворӣ судманд аст. Дар кишти байниқаторӣ викаю овёс ва викаю ҷавдор фоидаи калони иқтисодӣ медиҳад.

Барои самаранок анҷом додани ин корҳо татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар бахшҳои тақвияти чарогоҳҳо ва рушди чорводорӣ кӯмаки калон мерасонанд. Дар заминаи татбиқи марҳилаи якуми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Темурмалик ва Ховалинг татбиқ гардида истодааст, 203 Ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон ташкил гардида, барои беҳтар гардидани ҳолати чарогоҳҳо нуриҳои минералӣ тақсим гардидааст, ки дар натиҷа ҳолати алафзори чарогоҳӣ то андозае беҳтару хубтар гардидааст. Мавриди зикр аст, ки соли равон марҳилаи дуюми татбиқи ин лоиҳа оғоз гардид ва он ноҳияҳои Данғара, Фархор, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамаданонӣ ва деҳоти Кулобро дар бар мегирад. Дар назар дошта шудааст, ки дар доираи татбиқи он Ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон ташкил карда шуда, эҳтиёҷоти онҳо бо техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, таъмири роҳҳои чорвогузар, ғанӣ гардонидани таркиби алафҳои чарогоҳӣ ва рушди инфрасохтори деҳот дастгирӣ карда шавад.

 

Иргашев Т.О.

Мудири шӯъбаи хуронидани чорво, технологияи хурока ва чарогоҳҳои Институти чорводории АИК Тоҷикистон

Исроилов С.

Мушовири маҳаллии Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»

 

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat