Кишти алафҳои хурданбоби чорво мувофиқи мақсад аст

 

Дар Тоҷикистон заминҳои чарогоҳ 3,9 млн. гектарро ташкил менамоянд ва таи солҳои охир бо мақсади беҳтар гардонидани ҳолати онҳо тавассути роҳандозӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва ҷалби сармояҳои беруна чорабиниҳои лозима амалӣ гардида истодаанд. Татбиқи мақсаднок ва самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ низ дар ин самт саҳми назаррас мегузорад. Бад шудани ҳолати чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ба рушди чорводорӣ таъсири худро мерасонад. Бенизом чаронидани чорво, риоя накардани талаботҳои асосии чарогоҳгардон, поймол намудани чарогоҳ, ғизо надодани он ва як қатор дигар омилҳо сабаб гардидаанд, ки ҳолати чарогоҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.

Барои беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳҳо ва ҳосилхез гардонидани онҳо бештар аз алафҳои мутобиқ ба манотиқи кӯҳистон, хусусан ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа истифода намудан ба маврид аст. Зеро ин алафҳо ҳам дар шароити иқлимии минтақаҳои фарогир хуб месабзанд ва ҳам барои бой гардонидани чарогоҳҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд. Бо ин мақсад аз ҷониби Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ин самт корҳои назаррас амалӣ гардида истодааст. Ташкили Ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон ва дастгирии онҳо имконият фароҳам оварданд, ки то андозае ҳолати чарогоҳҳо хубтар гардад. Тақсимоти нуриҳои минералӣ, ташкили қитъаҳои намоишӣ, таъмин намудан бо чорвои зотӣ, маҳкам намудани атрофи чарогоҳҳо, таъминот бо техникаи зарурӣ аз қабили он чорабиниҳое мебошанд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа амалӣ карда шуданд.

Яке аз мақсадҳои асосии татбиқи лоиҳа аз он иборат аст, ки бо роҳи шинонидан ва кишти алафҳои хурданбоб ва серғизо ҳолати чарогоҳҳо боз ҳам беҳтару хубтар карда шавад. Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки дар ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин бештар ба кишти растаниҳои серғизо, баланд гардонидани сифати хуроки чорво, ҳифз намудани хок аз танназулёбӣ диққати ҷиддӣ бояд дода шавад. Дар ин чарогоҳҳо бештар кишти тухмии алафҳои лубиёгӣ, ба монанди астрагали сиверс, мушунги ёбоӣ, изен, намудҳои қатраборон, мулкак, мунчи тунукбарг, себаргаҳо, юнучқаи муқаррарӣ ва дар минтақаҳое, ки намнокиашон паст аст, кишти саксавул ба мақсад мувофиқ мебошад.   

 

Муродов Ю.,

Сармутахассиси МИЛ «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  оид ба рушди чарогоҳҳо

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat