Самтҳои ҳуқуқии истифодабари заминҳои чарогоҳ ва ҳуқуқи дастрас намудани Сертификати истифодаи замин

 

Барои эҳтиёҷоти чарогоҳ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ, захираи давлатӣ, заминҳои фонди давлатии  ҷангал, заминҳои  маҳалҳои аҳолинишин, инчунин   аз   заминҳои  хоҷагиҳои  кишоварзӣ  ва  дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.

Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ дар сурати доштани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ё шартномаи иҷора ба миён меояд. Сертификати   ҳуқуқи  истифодабарии  замин  барои  чарогоҳ  ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо назардошти саршумори  чорво  ва  намудҳои чорвои  дар  ихтиёрашон  буда  ва  рушди  минбаъдаи ин соҳа бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон  дода мешавад.

Тибқи моддаи 713 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба шаҳрвандон, ки дар моликияти шахсиашон чорво доранд, барои чаронидани  чорво  ва  алафдаравӣ бо дархости  ҷамоатҳо  аз заминҳои захиравӣ,  фонди ҷангал,  заминҳои  маҳалҳои  аҳолинишин,  инчунин  аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд,  қитъаҳои замин бо тартиби зерин ҷудо карда мешаванд:

- аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки  дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд - бо қарори маҷлиси умумии ин хоҷагиҳо ва ташкилотҳо;

- аз  заминҳои захираи давлатӣ  -  бо  қарори  раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо);

- аз  заминҳои фонди давлатии ҷангал - бо қарори раисони ноҳияҳо (шахрҳо) дар мувофиқа бо мақомоти хоҷагии ҷангал.

         Қайд кардан зарур аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 сентябри соли 2005 №342 Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тасдиқ шудааст. Қоидаҳои мазкур  тартиби  пешниҳод  ва  баррасӣ  кардани дархости  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи ҷудо кардан ва мусодира намудани қитъаҳои замин аз ҳамаи намудҳои заминҳо ва заминистифодабарандагон, ба ғайр аз мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои  дигарро  пешбинӣ  кардааст,   муқаррар менамояд.

     Тибқи  боби IV ҳамин Қоидаҳо  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ки  барои  гирифтани қитъаи замин ҷиҳати истеҳсолоти кишоварзӣ манфиатдоранд,  ба раиси ноҳия ё шаҳр дархост пешниҳод менамоянд. Раиси  ноҳия ё шаҳр дар мӯҳлати 5 рӯз  дархостро баррасӣ намуда, барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ба мақомоти заминсозии ноҳия ё шаҳр мефиристад.

Мақомоти  заминсозии  ноҳия  дар  мӯҳлати  як  моҳ  парвандаи заминсозиро тайёр намуда, онро барои баррасӣ ва қабул кардани қарор ба раиси ноҳия (шаҳр) пешниҳод менамояд.

Парвандаи заминсозӣ   оид  ба  ҷудо  кардани  замин  ба  мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани  ташхис ва тайёр намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин пешниҳод мегардад.

Бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи замин дар мақомоти заминсозии  ноҳия (шаҳр) сурат гирифта, ба заминистифодабарандаи нав Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода мешавад.

Дар асоси моддаи 64 Кодекси замин заминҳои таъиноти кишоварзӣ тамоми заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешаванд. Заминҳои таъиноти   кишоварзӣ   аз   заминҳои   корам,  дарахтони бисёрсола, заминҳои партов, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо, заминҳое, ки дар онҳо роҳҳои дохилихоҷагӣ, коммуникатсияҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехники ва биною иморатҳо воқеъ буда,  барои истеҳсол,  нигоҳдорӣ ва  коркарди  аввали  маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд,  ҳамчунин дигар заминҳои  ғайрикишоварзии  дар  дохили  гурӯҳи  мазкури  заминҳо ҷойгиршуда  иборат  мебошанд. 

Ҳамзамон бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 № 374 Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин тасдиқ шудааст.  Сертификати  ҳуқуқи  истифодаи  замин  аз   тарафи   мақоми   давлатии заминсозии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар муҳлати на дертар аз 25 (бисту панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи  ворид  шудани  ариза (мактуб,  дархост)  бо  замимаи  тамоми  ҳуҷҷатҳои  зарурӣ  (парвандаи заминсозӣ) дода мешавад.

         Мутобиқи моддаи 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва якумраи меросии истифодаи замин Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин муқаррар шуда,  ҳиссаи  саҳми заминро Шаҳодатномаи саҳми замин (ва иҷораи заминро Шартномаи иҷораи замин) муайян мекунад.

Ҳамзамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 № 696  заминҳои чарогоҳҳои мавсимии шаҳру ноҳияҳо дар марзи маъмурии шаҳру ноҳияҳои дигар ба муҳлати 10 (даҳ) сол ба шаҳру ноҳияҳо вобаста карда мешаванд.

Талаботҳои муқарраргардида тамоми имкониятҳои заруриро барои истифодабарии чарогоҳҳо фароҳам овардааст.

 

Абдурасулов Ш.

Мушовири маҳаллии Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ чарогоҳҳо»

 

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat