Истеҳсоли хӯроки чорво

 

Дар Тоҷикистон чорводорӣ дар қатори дигар соҳаҳо яке аз соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо гушту шир ва дигар маҳсулоти ғизоӣ онро минбаъд тараққӣ додан шарт ва зарур аст.

Барои зиёд кардани саршумори чорво, баланд бардоштани маҳсулнокии он, пеш аз ҳама, таҳкурсии мустаҳками хӯрок лозим аст. Дар баробари ин хӯроки истеҳсолшуда бояд ба талаботи илмию зоотехникӣ ва хусусияти физиологии ҳайвоноти кишоварзӣ ҷавобгӯ бошад.

Зиёд кардани истеҳсоли хӯроки чорво ва беҳтар кардани сифати он имконият медиҳад, ки ҳатто саршумори мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти ин соҳаро афзун намуда, самаранокии онро баланд бардорад.

Иҷрои вазифаҳои гузошташуда оид ба тараққиёти соҳаи чорводорӣ дар шароити камзаминии ҷумҳурӣ, маҳдудияти зиёд кардани масоҳати майдонҳои кишти зироатҳои хӯроки чорво интенсификатсияи максималии истеҳсоли хӯрокаҳоро талаб мекунад.

Марғзорҳои табиӣ ва зироатҳои хӯроки чорво дар заминҳои корам, манбаъҳои асосии истеҳсоли хӯрок мебошанд. Ғайр аз ин, ба сифати хӯроки чорво боқимондаҳои зироаткорӣ – пахол, партовҳои коркарди ғалла ва зироатҳои техникӣ низ истифода бурда мешаванд. Дар мустаҳкам намудани таҳкурсии хӯрок ва баланд бардоштани қимати он нақши маҳсулоти саноатии микробиологӣ ва кимиёвӣ бағоят калон аст, маҳсулоти ин саноатҳо ба монанди хамиртуруш, амнокислотаҳо, витаминҳо, препаратҳои ферметативӣ, моддаҳои фаъоли биологӣ ҳамчун моддаҳои беҳтаркунандаи сифати хӯроки табиӣ истифода мешаванд.

Вазни қиёсии хӯроки растанигӣ дар баланси умумии хӯрок хело калон аст. Ҳиссаи он 95 фоизи ҳамаи воҳидҳои хӯрокро ташкил мекунад. Аз ин рӯ дар мустаҳкам намудани таҳкурсии хӯрок, зиёд кардани истеҳсоли хӯроки растанигӣ аз ҳисоби марғзорҳои табиӣ ва парвариши зироатҳои хӯроки чорво бағоят калон аст.

Дар ноҳияҳои водӣ ва наздикӯҳӣ, дар фермаҳои ширию молӣ саршумори асосии чорвои калони шохдор нигоҳ дошта мешавад. Чунин усули парвариши чорво тақозо менамояд, ки талабот ба хӯрок асосан аз ҳисоби зироатҳои хӯрокии дар заминҳои корами обӣ ва лалмӣ парваришёбанда қонеъ гардонида шавад. Аз ин лиҳоз, вазифа гузошта мешавад, ки ҷамъоварии умумии хӯрок дар натиҷаи истифодаи пурраи омилҳои интенсификатсияи парвариши онҳо зиёд карда шавад. Дар оянда низ парвариши зироатҳои хӯроки чорво дар устувор намудани таҳкурсии мустаҳками хӯрок мавқеи асосиро ишғол менамояд. Бинобар ин истеҳсоли хӯроки чорво дар заминҳои корам бояд ба таҳкурсии муҳими илмӣ такя кунад.

Барои ҳалли масъалаи қонеъгардонии талаботи хоҷагиҳо ба хӯрок бояд пеш аз ҳама иқтидори захираҳои илмию табиии ҳар як ноҳияро муайян намуд. Сипас дар асоси он бояд муайян кард, ки кадом зироатҳои хӯроки чорво метавонанд тамоми ин захираҳоро пурра истифода бурда, хусусиятҳои биологӣ, агротехникӣ, хоҷагию иқтисодии худро пурра зоҳир намоянд.  

Олимони ҷумҳурӣ дар коркарди асосҳои илмии интенсификатсияи парвариши зироатҳои хӯроки чорво, яъне ба зиёд кардани майдонҳои кишти он натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварданд. Дар амалия комплексҳои агротехникии истеҳсоли хӯроки чорво дар масоҳати калони майдонҳо санҷида, илман асоснок карда шудаанд. Онҳо имконият медиҳанд, ки заминҳои корами водиҳои обёришаванда ва лалмии ҷумҳурӣ бо усулҳои навин истифода бурда шаванд.

Захираҳои иқлимии обёришавандаи ҷумҳурӣ бо гармию рӯшноии фаровон ва давомнокии давраи бесармо маъмуланд.

Айни ҳол дар асоси тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадами истеҳсолот исбот шудааст, ки дар чунин шароит бо роҳи пурра истифода бурдани омилҳои табиӣ дар як майдон дар давоми як сол бо навбат, ду намуди экологии растаниҳои хӯроки чорво парвариш карда мешаванд. Ба гурӯҳи якум растаниҳое, ки дар давраи нимсолаи зимистон (аз моҳи октябр то май) парвариш меёбанд: ғаллагиҳо (ҷавдор, ҷав, сулӣ, тритикале) лӯбиёдонагиҳо (мунҷ, навъҳои зимистонии нахуд ва мушунг) дохил мешаванд. Ба гурӯҳи дуюм, ки дар давраи тобистон (аз моҳи май то октябр) парвариш карда мешаванд, юнучқа, ҷуворимакка, ҷуворӣ, алафи судонӣ, лаблабуи қанд ва хӯроки чорво, офтобпараст мансубанд.

Бо туфайли чунин захираҳои илмӣ иқтидори фотосинтетикие пайдо мешавад, ки дар давоми сол аз ҳар як гектари заминҳои обёришавандаи водиҳо ҳатто се ҳосили зироатҳои хӯроки чорво гирифта мешавад, ки дар таркиби худ 25-30 ҳазор воҳиди хӯрокӣ ва 22-25 сентнер протеини ҳазмшаванда доранд. Ин миқдор хӯрок аз рӯи ғизонокиаш ба 100 сентнер дон баробар аст.

Кишти зироатҳои хӯроки чорво ҳар сол дар ҷумҳуриамон қариб аз се як ҳиссаи заминҳои корамро ташкил медиҳад. Аммо вазъи истеҳсоли хӯроки чорво ба талаботи чорводорӣ ҷавоб дода наметавонад. Ҳосилнокии зироатҳои хӯроки чорво аз натиҷаҳои дар тадқиқиотҳои илмӣ нишондода бисёр пастанд. Зироатҳои хӯроки чорво нисбат ба зироатҳои ғалладонагӣ воҳиди хӯрокии кам медиҳанд. Сабаби асосӣ дар сатҳи паст қарор доштани агротехникаи парвариши зироатҳои хӯроки чорво ва риоя накардани талаботи қоидаи гузаронидани онҳост.

Тараққиёти минбаъдаи истеҳсоли хӯрок ва интенсификатсияи он талаб мекунад, ки соҳа бояд дар се самти асосӣ инкишоф ёбад:

- такмил додани таркиби майдонҳои кишти зироатҳои хӯроки чорво;

- баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо;

- татбиқи васеи киштҳои фосилавӣ (мобайнӣ), такрорӣ ва омехта.

Мақсад ва такмилдиҳии таркиби майдонҳои кишт аз он иборат аст, ки интихоби навъҳо ва намудҳои зироатҳои хӯроки чорво аз рӯи хусусиятҳои биологиашон бояд ба шароити мушаххаси захираҳои хокию иқлимии минтақа мусоидат кунад. Ғайр аз ин талаб карда мешавад, ки зироатҳои камҳосил ба зироатҳои серҳосил иваз карда шаванд. таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки татбиқи дурусти илман асосноки таркиби майдонҳои кишти зироатҳои хӯроки чорво ва агротехникаи зарурии парвариши онҳо имконият медиҳанд, ки ҳосилнокии ғалладонагӣ ва лӯбиёдонагӣ 2, 5 – 3, 0, алафҳои бисёрсола ва яксола 2, 0-2, 7 маротиба зиёд шаванд.

Зироатҳои лӯбиёдонагӣ дар байни дигар зироатҳои хӯроки чорво бояд мавқеи хосро ишғол кунанд. Хӯроки емӣ (консентрат), ки дар таркибаш миқдори зиёди сафеда ва ангиштобаҳои ҳазмшаванда доранд, вояи (ратсионӣ) ҳайвонотро бой гардонида, сабаби баланд шудани маҳсулнокии онҳо мегарданд. Аз ин рӯ зиёд кардани истеҳсоли дони емӣ яке аз вазифаҳои муҳими истеҳсоли хӯроки чорво дар заминҳои корам мебошад.

 

 

Маҳмадёр Сардоров

Доктори илмҳои кишоварзӣ,

 профессор, Аъзо – корреспонденти АИКТ

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat