Маҳсулнокии чорвои ширдеҳ ба таркиби ратсиони хӯрокдиҳии он вобастагии асосӣ дорад. Дар ин самт хӯрокиҳои ширадор мавқеъи хоса доранд. Ба хӯрокиҳои ширадор силос ва бехмевагиҳо дохил мешаванд. Аз бехмевагиҳо истифода бурдани лаблабуи хӯроки чорво ба маврид аст.Таркиби он аз об бой буда, (зиёда аз 70%) дар бадани чорво хуб ҳазм мешавад, иштиҳои хӯрокхӯрии чорворо нағз карда, ба ҳазмшавии дигар хӯрокаҳо, асосан хӯрокиҳои дағал, мусоидат менамояд. Истифодаи лаблабу такрористеҳсолкунии чорворо беҳтар карда, сифати наслро хуб мекунад.
Давраи пурраи нашъунамоии лаблабуи хӯроки чорво 130-150 рӯз мебошад. Баъди ба охир расидани ин давра, баргҳои лаблабу зард мешаванд, ки ин нишонаи оғози ҷамъоварии ҳосил мебошад. То саршавии хунукиҳо ҳосилро ҷамъоварӣ намудан лозим аст. Дар акси ҳол, қисмҳои аз хок беруни онро сард мезанад, ки барои истифодаи хӯроки чорво номувофиқ мебошад.
Нигоҳдории лаблабу дар шароити хона ягон мушкилоти махсусро пеш намеорад. Барои ин ҳосили ғундошташударо аз боқимондаи хок тоза намуда, баргҳояшро мебуранд ва дар ҷои хушк ғарам намуда, болояшро бо пахол ё коҳ мепӯшонанд. Барои дар давраи боришот тар нашудани маҳсулот, болои онро бо пленкаи полиэтиленӣ маҳкам мекунанд. Ҳангоми пушонидани вай барои гардиши ҳаво ковоки мондан лозим, ки пӯсиш ба вуҷуд наояд. Дигар роҳи беҳтари нигоҳдошти лаблабу, ин дар ҷои махсуси хушк таги хок намудани вай мебошад. Барои ин чоҳи чуқуриаш то 0,5м канда, маҳсулотро дар он меандозанд ва бо қабати 20-25 см пахол пӯшонида, ба болои он дар қабати 20-30 см хок меандозанд.
Барои барқарор намудани мутаносибии қанду сафеда ба ҳамаи дигар намудҳои чорво низ лаблабуро додан мумкин аст, лекин дар як миқдори муайян. Қиммати ғизоии 1 кг лаблабу 0,14 воҳиди хӯрока мебошад.