Чораҳои иловагии мубриза бар зиди эрозияи заминҳои кишоварзӣ

 

         

Тасодуф нест, ки ҳоло ба масъалаҳои муҳити зист олимон диққати махсус медиҳанд. Бо ибрози таносуби экологӣ, экосистема, бӯҳрони экологӣ, фалокати экологӣ на танҳо олимони соҳаи фанҳои табиатшиносӣ, балки ҳодимони давлатию сиёсӣ, кормандони ҳоҷагӣ низ машғуланд. Яке аз муҳимтарин мушкилотҳои экологӣ ин эрозияи замин мебошад.

         Қисми зиёди  чораҳои мубориза бар зидди эрозияи обӣ ва шамолии хок шакли пешгирикунанда доранд: ин чораҳо ба самти барқароркунии замин не,  балки ба самти  пешгирии вайроншавии он равона карда шудааст.

Шакли замонавии гузаронидани чораҳои  пешгирикунанда  пайдо шудани манбаҳои эрозия ва дар оянда барои  паҳншавии онро дар заминҳои кишоварзӣ эмин медорад.

Хоҷагидорони ҷумҳурӣ шаклҳои зиёди чораҳои пешгирикунандаи эрозияи заминро дар амал истифода менамоянд.

  • Яке аз усулҳои самараноки мубориза бо эрозияи обӣ ва шамолӣ ин сохтмони суфаҳои (терассаҳои) зидди эрозиявӣҳо бо алафҳои бисёрсола кишт карда мешаванд, қаторҳо  дар  самти дарозии нишебиҳо ҷойгир карда мешаванд. Барои ин растаниҳои лубиёдонагӣ
  • Сидератсия ин шакли кишт кардани растаниҳои сабз дар хок мебошад, сидератҳо  дар вақти гул кардан кишт  карда мешаванд. Бо ин шакл  ғизонокии хок аз нурии органикӣ ғанӣ мегардад, бо ин тарз устувории замин ба обшусташавӣ ва  шамолзанӣ зиёд мегардад.
  • Шинонидани буттаҳо дар атрофи нишебиҳо. Ин намуд хатҳои муҳофизатӣ аз  эрозияи обӣ ва шамолӣ заминро пешгирӣ намуда, хокро аз танназулёбӣ нигоҳ медорад. Чунин хатҳои дарахтон низ дар сарҳади болоии  нишебиҳо барои муҳофизат аз шусташавӣ ва сар задани ковокиҳо,  инчунин дар чуқуриҳо ва дар саҳроҳо  шинонида мешвад.
  • Сохтмони сарбандҳо, сохтмони обанборҳои сунъӣ барои баланд бардоштани намнокӣӣ хокро нигоҳ медорад. Барои нигоҳдории намнокии хок ҳамзамон дар аввали мавсими баҳор заминро нарм мекунанд, дар баробари ин ба замин қабати муҳофизатии нуриҳои органикӣ мепошанд.

Ҳамаи ин усулҳо раванди гирифтории эрозияи заминро паст карда, ҳосилнокии хокро нигоҳ медорад. Ғамхории ҳолати истифодабарии заминҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, ҳосилнокии фаровон барои солҳои зиёдро кафолат медиҳад.

 

Парвина Мирзоева

Мушовири миллии Маркази идораи Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”  оид ба экология

 

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat