Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ба воситаи нобуд сохтани алафҳои бегона ва хорҳо

 

Бо сабаби истифода набурдани чарогоҳгардон ва чаронидани зиёди чорво таназзулёбии чарогоҳҳои баҳорӣ–тирамоҳии дар наздикии деҳаҳо ҷойдошта ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа чарогоҳҳо пур аз алафҳои бегона ва хорҳо мегарданд. Алафҳои бегона дар баъзе мавзеъҳои чарогоҳҳо то 50-60%-ро ташкил намуда, ҷойи алафҳои чарогоҳиро забт менамоянд. Алафҳои бегонаро ба воситаи даравидани бисёркарата дар фаслҳои баҳор ва тобистон нест кардан мумкин аст. Хорҳоро бошад, аз фасли баҳор то тирамоҳ буридан зарур аст.

 

Чи гуна усул ба роҳ монда мешавад?

 

Дар чойҳои буридашудаи хорҳо ва даравидашудаи алафҳои бегона тухмии алафҳои чарогоҳӣ, ба мисоли юнучқа, ҷавхасак – (Костер острозубый\Bromus oxyodon (Schrenk)),ҷавак – (Житняк гребенчатый, Agropyron cristatum (L.) Gaertn), ҷорубак – (Мятлик луговой\Poa pratensis) ва ё дигар алафи чарогоҳиро коштан зарур аст. Тухмии ин алафҳои чарогоҳиро дар чарогоҳҳо, дар наздикии ҷуйборҳо ва атрофи роҳҳо метавон чамъоварӣ кард.

Тухмиҳои алафҳои чарогоҳиро бояд дар моҳи июл ва август чамъоварӣ ва дар ҷойи хушк нигоҳ дошт. Тухмии алафҳои чарогоҳиро дар аввали баҳор коштан зарур аст, тухмиҳои ҳачман хурдро дар чуқурии 2-3 см, тухмиҳои хаҷман калонтарро дар чуқурии 3-4 см шинонидан лозим аст. Ҳамзамон тухмии алафҳои чарогоҳиро дар фасли тирамоҳ низ коштан мумкин аст. Дар соли аввал дар ҷойҳои нобуд сохтаи алафҳои бегона ва хорҳо алафҳои чарогоҳии ғизонок ба нашъунамо оғоз мекунанд. Аз соли дуюм ҳосилнокии чарогоҳ то 2-3 маротиба меафзояд.

Хорҳоеро, ки дар нишебиҳои доманадор (аз 35-40 градус боло) меруянд, нобуд кардан мумкин нест, чунки онҳо хокро аз эрозия эмин медоранд.

Ҷойи алафҳои бегонаро алафҳои чарогоҳӣ иваз намуда, маҳсулнокии чарогоҳҳо то 2-3 маротиба зиёд мегардад. Дар соли дуюм ҳосилнокии зичии алафҳои чарогоҳӣ то 1,2 т/га мерасад. Ин барои чаронидани 10 сар гусфанд ва ё 2 чорвои калони шохдор дар муддати 2 моҳ ба ҷойи 4 сар гусфанд дар чарогоҳи пур аз алафҳои бегона ва хордор имконият медиҳад.

Афзалиятҳо:

–– ҳосилнокии алафҳои чарогоҳӣ 2—3 маротиба зиёд мегардад;

–– иқтидори ғизоии чарогоҳҳо аз ҳисоби зиёд гардидани зичии алафҳои серғизо 2—3 маротиба зиёд мешавад;

–– барои чаронидани 10 сар гусфанд ва ё 2 чорвои калони шохдор дар 1 га замин муддати 2 моҳ ба ҷойи 4 сар гусфанд дар чарогоҳи хордор ва   дорои алафҳои бегона шароит муҳайё мегардад;

–– сохтори   хокро беҳтар намуда, ҳосилнокиро баланд мегардонад.

 

Тавсияҳо:

Тавсия дода мешавад, ки оид ба истифодаи усули мазкур дар ноҳияҳои фарогири лоиҳа қитъаҳои намоишӣ ташкил карда шаванд ва барои тоза нигоҳ доштани чарогоҳҳо, алалхусус чарогоҳҳои наздидеҳагӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардад;

Бо мақсади огоҳ шудани истифодабаранадагони чарогоҳ оид ба сермаҳсул намудани чарогоҳҳо бо роҳи кишти алафҳои хурданбоби чорво корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд вусъад дода шаванд;

Мақсаднок мебуд агар дар мавриди омӯзишҳои саҳроӣ таснифоти алафҳои хурданбоби чорво ва алафҳои бегонаи чарогоҳӣ ба аҳолӣ амалан фаҳмонда шавад;

 

 

Парвина Мирзоева

Мушовири маҳаллии Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”

 

 

 

 

 

 

 

 

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat