Барқарорсозии обкандҳо ба воситаи таворабандии зинда

 

Барқарорсозии обкандҳо ба таври сохтани монеаҳо аз шохаҳои чандири дарахтони мухталиф ба монанди бед, чараёни обҳои болои заминиро паст намуда, таҳшинҳои оби лойро нигоҳ медорад.

Бо ин усул обкандҳо пас аз як чанд моҳ ва ё сол барқарор мегарданд.

 Манфиати ин усул:

камхарч, пешгирикунандаи эрозия, сатҳи хатари сел ё обхезиро дар нишебӣ коҳиш медиҳад.        

Дар хамии аз 1 то 5 метри обканд, монеаҳо сохта мешаванд. Барои сохтани монеаҳо шохаҳои дарахтон ба монанди шохаи бед, ки дар маҳал дастрас мебошад, истифода карда мешаванд. Шохаҳои чандир бояд девори устуворро дар зери обканд ба вуҷуд орад (онҳо на бояд бештар аз 0,5 метр бошанд).   Ғайр аз ин шохаҳои дигари дарахтон бурида шуда, ба шакли бофтани шохахои бед шинонида мешаванд.

         Давраи насби монеаҳо дар фасли баҳор оғоз мегардад, шохаҳои дар обкандҳо насбшуда дар ин муддат ба сабзидан шурӯъ мекунанд.

 

 

 

Парвина Мирзоева

Мушовири маҳаллии Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat