Усули истифода намудани чашмаҳо ҳамчун ҳавзҳои обнӯшӣ барои чорво дар чарогоҳҳои наздикӯҳӣ

 

Одатан дар чарогоҳҳои наздикӯҳӣ ҷуйҳо ва дарёчаҳоро ёфтан   душвор аст, ки онҳо барои обнушии чорвои пода зарур ва ҳатмӣ мебошанд. Ҳамарӯза чорворо то 10 км   масофа барои обнӯшӣ мебаранд. Дар як рӯз чорвои подаро 4 маротиба ҷойивазкунӣ зарур меояд, ки ин дар чарогоҳҳо бисёр роҳҳои поймолшудаи чорвогузарро ба амал меорад, ин ҳама боиси эрозияи хок мегардад.   Ин гуна шароит заминҳои чарогоҳро ба таназзулёбӣ дучор мегардонад, ҳамзамон чорво вазни худро гум мекунад.

Дар ҳар як чарогоҳи наздикӯҳӣ чашмаҳои табиӣ мавҷуданд. Пеш аз омода сохтани чашмаҳо барои обнушии чорво, дохили чашмаҳоро бояд аз обсабзҳо ва гил тоза кард.


Чӣ гуна усул ба роҳ монда мешавад?

 

Пеш аз ҳама чашмаро аз лой, ифлосиҳо ва растаниҳо тоза кардан зарур аст. Чашмаро чуқуртар канда, даруни онро бо сангҳо мустаҳкам бояд намуд. Дар ҷойи баромади оби чашма қубурро, аз сатҳи болоии замин пасттар васл кардан зарур аст. Ҷойи оббарои чашма бо сангҳои калон чинда шуда, қубури обгузар дар ковокии махсуси кандашуда   дар чуқурии 0, 3 метр хобонида мешавад.

Аз чашма 15 метр поёнтар 3 обанбор/ҷуйбор барои обнӯшӣ сохта мешавад, ки ба онҳо ба воситаи қубури обгузар аз чашма об гузаронида мешавад. Дарозии ҷуйборҳо 1,8 метр, барашон 0,5 метр ва чуқуриашон 0, 5 метр муайян шудааст. Ҳар як ҳавз аз якдигар поёнтар чойгир шуда, аз боло ба поён об дар онҳо ҷорӣ бояд шавад. Атрофи ҷуйборҳои обнӯшӣ 0,2 метр аз замин бардошта мешавад, ки ин аз ифлосшавӣ дохили оби ҳавзҳоро муҳофизат мекунад.

Аз ҷуйборҳо поёнтар як ҳавз аз гил   сохтан лозим аст, ки атрофаш дар қутр 2 метр бошад. Дар ин ҳавзи обнӯшӣ дар як вақт 15-17 сар чорво вобаста аз ҳаҷм об нӯшида метавонанд.                                                                                  

Маҳсулот ва шароити сохтмони ҷойи обнӯшии чорво:                                                                      

Қубури оҳанин ва ё пластикӣ;              

Ҷуйборҳо аз санг ва ё семент;                        

Чуқурии чашма бо санг чинда мешавад;

Дарёфти чашма.

Афзалиятҳо:

–– бо нархи дастрас ;                      

–– дар фурсати кӯтоҳ;

–– осеби чарогоҳҳо барқарор мегардад;

–– сарфаи вақт барои дарёфти ҷойи обнӯшии чорво;

–– вазни чорво кам намешавад;

–– идоракунии чаронидани чорво самаранок мешавад;

–– чарогоҳҳои назди кӯҳӣ барои чаронидан

ҷолиб мегарданд.

Хавф:

-дар вақти омода намудани чашма маслиҳати мутахассис лозим мешавад;

- истифодаи меҳнати дастӣ дар вақти омода намудани чашма;

-нигоҳдории доимии ҷойи обнӯшии чорво.

 

Парвина Мирзоева

Мушовири маҳаллии Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”

 

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat