Истифодабарии дарахти сафедор дар заминҳои шуршуда ва ботлоқшуда, заҳбуру заҳкашҳои табиӣ

 


Мавзеъҳое, ки мушкилоти шуршавӣ ва ботлоқшавӣ доранд, дар ҳолате, ки нархи масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонӣ барои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо баланд аст, хок ба шуршавӣ ру меорад, мавзеъ ба ботлоқзор табдил меёбад ва   ин гуна заминҳо барои киштукори махсулоти кишоварзӣ истифода карда намешаванд.

Дар ин маврид, истифодабарии технологияи заҳкашҳои табиӣ самарабахш аст, шинонидани дарахтони сафедор, ки ба шуршавии хок тобоваранд.

Ба воситаи мошинолоти заҳбур кан тамғаи КЗУ-05, ки ба трактори МТЗ-80 васл карда мешавад, чуқуриҳои 0,5 метр дар атроф ва маркази мавзеъҳои ботлоқшуда дар масофаи 50 метр аз якдигар ба дарозии мавзеъ канда мешавад. Аз чуқуриҳои кандашуда боқимондаи обҳои зеризаминӣ ва дигар обҳои ҷамъшуда ба заминҳои ҷойгиршавиашон пасттар равон карда мешавад. Дар тирамох пас аз хушк шудани хок дар чуқурии кандашуда, хокро 30-35 см коркард мекунанд. Аз аввали баҳор, замоне, ки хок хушк машавад, руйи хок сихмола карда чуякхо 70 см байни якдигар кашида мешавад. Ҳамон замон дар ҷуякҳо каламчаҳои дарахти сафедор бо масофаи 10-15 см шинонида шуда, бо назардошти 10 см дар қабати хок 1-2 муғчаҳо намоён гузошта мешавад. Пас аз нешзанӣ ва сабзидани муғҷаҳо ва хушк шудани хок каламчаҳо сероб карда мешаванд. Соли дигар каламчаҳои дарахти сафедор ба ҷойҳои доимии пешбиншуда дар   масофаи 3-5 метр байни қаторҳо дар 1 м хати муайян байни якдигар 0,5-1,0м шинонида мешаванд. Масофаи байни қаторҳо аз 10 то 15 метр муайян шудааст.   Майдони байни ниҳолҳои дарахтони сафедор барои парвариши юнучқа истифода карда мешавад.

Чӣ гуна усул ба роҳ монда мешавад?

Сатҳи обҳои зеризаминӣ метавонад то 1 метр паст шавад, барқароршавии растаниҳои табиӣ оғоз мегардад.

Ин гуна мавзеъҳоро барои коштани алафҳои хӯроки чорво ба мисли эспарсет истифода кардан мумкин аст.

Сафедорҳои шинонидашударо баъд аз 5-6 сол барои сохтмон истифода кардан мумкин аст.

Барои шинонидани мавзеъ   бо нихолҳои сафедор ду қатор дар масоҳати 5га 7500-8000 бех ниҳол лозим аст.

Барои парвариши ин шумора ниҳолҳо ҳамагӣ 25-26 сотик замин зарур аст.

Дар дохили қитъаи чудошуда каламчаҳои сафедор дар як катор   дар   1 м, бо масофаи 5 м   шинонида мешавад.

Дар қитъаи 1 га 3200 ниҳол, барои парвариши ниҳолҳо бошад, 10 сотик замин лозим меояд.

Шинонидани дарахтони сафедор ҳавои иқлим , реҷаи об ва ҳаворо тоза мекунад;

Аз ботлоқшавӣ ва шуршавӣ заминро эмин мегардонад;

Чарогоҳҳоро аз таназзулёбӣ пешгирӣ мекунад;

Баъд аз 5 сол хок барои парвариши ғалладонагихо ва юнучқа омода мегардад.

Афзалият:

–– даромад аз истеҳсоли алаф;

–– даромад аз истеҳсоли чуб;

–– беҳгардонии ҳосилнокии хок аз ҳисоби

ғанӣ гардонидани биомассаи иловагӣ;

–– зиёд кардани зичии растанӣ;

–– кам кардани эрозия, обшусташавӣ, шуршавӣ

     ва ботлоқшавӣ;

–– хифз аз шамол.

Хавф:

–– қаламча ва ниҳолҳо дар се соли аввал                 аз хурдани бузу гусфандон ҳифзро талаб мекунад;

–– истифодаи меҳнати дастиро талаб мекунад;

–– нигоҳдории боғ аз баяғмобарӣ ва нобудсозӣ;

–– шумораи зиёди қаламчаҳо зарур аст.

Парвина Мирзоева

Мушовири маҳаллии Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”

 

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat