ХУШХӮРКУНИИ КОҲ БО УСУЛИ КОРКАРДИ ОН ПЕШ АЗ ХӮРОНДАН

          Мусоидат намудан ба паст кардани сатњи камбизоатї тариќи афзун намудани истењсоли мањсулоти чорводорї аз вазифањои асосии лоињаи “Рушди чорводорї ва чарогоњњо II” мебошад.

Мањсулоти асосии соњаи чорводорї, ки ба истеъмоли њарўзаи одамон ворид мегардад, аз љумла гўшт, шир, мањсулоти коркарди шир - равѓан, панир, љурѓот, чакка, дўѓ, ќурут, инчунин, асал ва тухм мебошанд. Мањсулоти дуюмдараљаи чорводорї, аз ќабили пашм, пўст, хун ва устухон њамчун ашёи хоми саноати сабук ба њисоб мераванд. Поруи органикї мањсулоти сеюмдараљаи чорводорї аст, ки ба рушди зироаткорї таъсири калон мерасонад. Њамзамон, соњаи чорводорї ањамияти иљтимої дошта, ањолиро бо љойи кор таъмин менамояд.

Фаъолияти барномавии лоиња низ ба он равона шудааст, ки тариқи ташкили гурўҳҳои чорвопарвар, гузарондани омўзишҳо ва чопи буклету дастурамалҳо ба мардум тарзи дурусти ташкили истеҳсолоти чорводориро омўзонда, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагї, беҳтар намудани статуси ғизои кўдакони то панљсола, беморони парњез ва таъмини амнияти озуќаворї мусоидат намояд.

Дар асоси наќшаи корї дар Љамъияти истифодабарандагони чарогоњ (ЉИЧ) – и “Навобод”, Љамоати дењоти Тугараки ноҳияи Восеъ, бо иштироки намояндагони ЉИЧ - и шањру ноњияњои Кўлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонї, Фархор, инчунин, чорводорон дар мавзўи “Коркарди коњ бо маќсади хушхўркунонии он” семинари назариявї – амалї гузаронда шуд. Мавзўи семинар актуалї буда, дар ҳаёти ҳаррўзаи чорводорон татбиќ мешавад.

Яке аз хўрокаҳои дуруште, ки дар ратсиони чорво ба таври васеъ истифода бурда мешавад, коҳи гандум ва ҷав мебошад. Бо сабабҳои мавҷудияти зиёди њуљайра дар таркиби онҳо ҳазмшавиашон дар меъдаи чорво душвор буда, ғизокии паст доранд. Бо назардошти ин, маќсади коркарди коњ аз он иборат аст, ки њуљайраи душворњазмро таҷзия (расшепление) кунад ва ғизонокии хўрокаро зиёд намояд. Усули коркарди коҳ одї ва дастрас буда, ҳар як чорводор метавонад онро ба таври васеъ истифода барад. Барои коркарди коҳ ҷойи махсус лозим аст (чуқурї ё кунҷи девори коҳдон, ки дар он коҳи коркардшударо пўшонда шавад). Дар коркард маводи зарурї - карбамид ба миқдори панљ дарсад ва об 60 дарсад аз вазни коҳи гирифташуда истифода мешавад. Барои бо таври герметикї пўшондани коҳи коркардшуда плёнкаи полиэтиленї лозим аст.

Коркарди мањсулотро дар кунҷи хона ё дар чуқурии махсус мегузаронанд. Њадафи асосї маҳдуд кардани гардиши ҳаво дар чуқурї мебошад. Аз ин рў, рўйпўши полиэтилениро истифода мебаранд. Њангоми истифодаи девор њамаи сўрохињои онро андова кардан лозим аст. Истифодаи девори хона барои сарфа кардани харољоти рўйпўши пластикї имкон медињад. Чуќуриро аввал аз зер, баъд аз бар ва пас аз коркард болои онро бояд пўшонд. Раванди коркарди коҳро иштирокчиёни омўзиш гузаронданд. Онњо баъди чен кардани вазни коњ мањлули карбамидро аз рўйи меъёр тайёр карданд. Коҳро дар ҷойи коркард гузошта, маҳлули карбамидро аз болояш якхела рехтанд. Сипас, коҳро шибба зада, бо рўйпўши пластикї мањкам карданд, то ки њаво надарояд. Баъди коркард чуқуриро бо шифер ё хок пўшондан даркор аст, чунки ба рўйпўши пластикї осеб нарасад.

Ба раванди коркард чанд фактор таъсир мерасонад. Фактори асосї ҳарорати ҳаво мебошад, зеро ки маҳлули карбамид гази аммиакро бухор намуда, бо њуљайраи (клетчатка) коҳ реаксияро ҷорї мекунад. Бинобар ин, ҳарорати муътадил 15 дараља ва болотар аз он мебошад. Зери ин ҳарорати муайяншуда мањлули коркардшударо 14 рўз нигоњ доштан мумкин аст. Бо гузашти ваќти муайян рўйпўшро мекушоем. Коҳи коркардшуда бўйи шиддатноки аммиакро дошта, муллоим ва каме ҷигарранг аст. Онро бояд давоми як сол нигоҳ дошт. Баъди коркард коҳ муллоим шуда, њазм кардани он барои чорво осон мешавад ва чорво онро бо иштиҳо мехўрад. Фақат барои одат карданашон каме ваќт лозим аст. Одатан, омухташавї 7 - 10 рўзро дарбар мегирад. Дар ин давра коҳи коркардшударо бо коҳи тоза ва сабўс омехтан мумкин. Пеш аз хўрокдиҳї коҳи коркардшударо ду соат бе рўйпўш мемонанд, то ки аммиак бухор шавад. Баъди одат кардани чорво онро аз худи чуқурї бояд хўронд.

Сифати ғизонокї ва њазм кардани коҳи коркардшуда назар ба коҳи тоза хеле баланд аст. Коҳ мулоим шуда, хусусияти њамзнокии маводи ғизонок беҳтар мегардад. Дар натиҷа, саломатии чорво ва гўштгирии миёнаи рўзона њангоми фарбеҳкунї беҳтар мегардад. Коҳи коркардшударо бо миқдори коҳи тоза медиҳанд. Коҳи бо карбамид коркардшударо ба гов, гўсфанд ва буз додан мумкин. Онҳо ҳайвони кавшакунанда мебошанд. Аммо, хўрондани он ба асп, маркаб ва паранда манъ аст, зеро онҳо ҳазорхона (қисми меъда) надоранд ва нитрогенро ҳазм карда наметавонанд.

Илова ба ин, ба ҷавонаи чорвои кавшакунанда коҳи коркардшударо то даме, ки функсияи ҳазорхонааш пурра нашудааст, набояд хўронд. Ба ҷавонае, ки хошоки дурушт мехўрад, коҳи коркардшударо бояд дод. Ин усули осону дастрас аст, ки деҳқонон дар хоҷагињои худ истифода карда метавонанд. Тавассути усули мазкур сифати хўроки чорво ва рушди соњаро беҳтар гардондан мумкин аст.

Koh11111111

Koh2222222

Koh3333333

Koh4444444

 

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat