Тавсияҳо оид ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти чарогоҳ

Омилҳои асосии афзудани ҳосилнокии чарогоҳ. Хоҷагидорон дарк намуданд, ки норасоии хӯрокаи зимистона сабаби асосии коҳишёбии истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ мебошад. Маводи хӯрокаро аз чарогоҳҳои сифати беҳтариндошта ҷамъоварӣ ва барои зимистон захира мекунанд. Тадқиқотҳо дар Тоҷикистон нишон доданд, ки афзоиши назарраси маҳсулнокии чарогоҳро бо роҳҳои маъмул, аз ҷумла пошидани нуриҳои минералӣ ба даст овардан мумкин аст.

Қитъаҳои таҷрибавии устувори чарогоҳҳо, заминҳои корам ва ҷангалзорҳо. Дар чарогоҳҳои шаҳру ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо - II», аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Данғара қитъаҳои намишӣ ташкил шуда, бо истифода аз нуриҳои минералӣ ҳолати чарогоҳҳо беҳтар гардиданд. Илова бар ин, ташкили қитъаҳои намоишӣ дар деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа бо мақсади барқарор шудани заминҳои беҳосил, роҳи камхарҷ  ва барқарорсозии чарогоҳҳо мебошад. Қитъаҳои намоишӣ дар деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа дар чарогоҳҳои назди деҳаҳо ҷойгир аст, ки ин имконият медиҳад, нигоҳубин ва назорати он осон гардад. Ин минтақаҳо бо шароитҳои мухталиф, ба мисли баландӣ, шамол, навъи хок, намуди зоҳирӣ, нишебӣ ва таркиби ботаникии он макон фаро гирифтаанд. Нуриҳои минералӣ бо омехтаи мухталифи фосфатҳо ва нуриҳои минералии нитроген, асосан, бо аммафос ва силитра, пошида мешаванд. Асосан, чунин нуриҳо:

- 30 - 60 кг/га аммофос бо 30 кг фосфат ва 6 кг нитроген;

- 90 кг/га силитра бо 30 кг нитроген;

- 180 кг/га силитра бо 60 кг нитроген, истифода бурда шуд.

Баъзе аз натиҷаҳои тадқиқотҳои муҳим чунин мебошанд:

tavsiah- ҳосилнокии чарогоҳ дар натиҷаи пошидани нуриҳои минералӣ гуногун мебошад: дар баландии ду ҳазор метр 20 дарсад зиёд ва дар 1000 метр 20 дарсад кам буданд;

- ҳосилнокӣ дар баландиҳои нисбатан поёнтар бештар тағйирёбанда мебошад ва пошидани нуриҳои минералӣ дар ин ҷо на он қадар самарабахш аст;

- 20 дарсад натиҷаи (аксуламали) умумӣ барои нуриҳои минералӣ аз нуриҳои минералии боқимондаи солҳои баъдина гирифта шудаанд;

- киштзорҳо бо қисматҳои хеле зиёди кишти лӯбиё, аксар дар баландиҳои болотар метавонад қатъиян бо нуриҳои минералии фосфат, танҳо бо нитрогени оянда, ки аз лӯбиё таъмин мегардад, мутобиқат намояд;  

Навъҳои нуриҳои минералӣ ва таркиби моддаҳои ғизодиҳанда ва хароҷоти онҳо. Моддаҳои ғизоноки асосӣ, ки ба чарогоҳҳо пошида мешаванд, фосфат ва нитроген мебошад. Баъзан, барои зироати лӯбиё сулфур ва барои ҳосили хӯрокаи лӯбиё калсий зарур мешавад. Нуриҳои минералии аммофос арзонтарин сарчашмаи фосфат буда, даҳ дарсади нитроген (азот) - ро дар худ нигоҳ медорад. Нуриҳои минералии суперфосфат сарчашмаи фосфат ва сулфур мебошад, аммо хеле гарон аст. Агар барои пошидан танҳо фосфат зарур бошад ин тавсия дода намешавад. Нуриҳои минералии силитра ва карбамидҳо сарчашмаи нитроген мебошанд. Таркиби ғизонокии нуриҳои минералии асосӣ, арзиш ва шумораи онҳо, ки барои ворид кардани миқдори муайяни ғизонокӣ заруранд, дар поён дар ҷадвал нишон дода шудааст.

Нуриҳои минералӣ

Таркиби нитроген

Арзиш

(нарх)

Ворид кардан (пошидан)

Нуриҳои минералӣ

Ғизонокии пошида-шуда (кг/га)

N,%

Ф2O5,%

(сом/

кг)

(кг/га)

N

Ф2O5

Аммафос

10

50

4.00

Ф30

60

6

30

Силитра

34

0

3.60

N30

90

30

0

Миқдори нуриҳои минералии истифодашуда ва хароҷоти он:

- дар аксар чарогоҳҳо омехтаи ҳам аммофос ва ҳам силитра истифода бурда мешавад. Далелҳо (қитъаҳои намоишӣ) нишон доданд, ки маҳсулнокии чарогоҳ вобаста ба миқдори пошидани нуриҳои минералӣ бевосита меафзояд;

- миқдори истифодашудаи нуриҳои минералӣ, ин аз маблағҳое, ки дастрас ҳастанд, вобаста аст. Фермерҳо метавонанд нуриҳои минералиро дар қитъаҳои   нисбатан хурд ба миқдори барзиёд пошанд ва ё метавонанд дар қитъаҳои хеле калон ба миқдори хеле кам (тунук) кишт кунанд;

- дар чарогоҳҳо бо қисмати нисбатан калони лӯбиёиҳои чарогоҳ, пошидани аммофос мувофиқтарин нуриҳои минералӣ буда метавонад. Меъёри имконпазири пошидани нуриҳои минералӣ ва хароҷотҳо дар зер нишон дода шудааст.

Меъёри ворид кардан (пошидан)

Н0P0

Н0P30

Н30P30

Н60Ф30

Меъёри аммофос

0

60

60

60

Меъёри силитра

0

0

90

180

Арзиш (нарх) (сомонӣ/га)

 

 

 

 

Аммафос

0

240

240

240

Силитра

0

0

317

634

Арзиши умумӣ

0

240

557

874

Тарзи пошидани нуриҳои минералӣ. Нуриҳои минералӣ бо даст ё ба воситаи дастгоҳи (асбоби) пошдиҳандаи нуриҳои минералӣ пошида мешавад.

Интихоби вақти муайян барои корбурди (пошидани) нуриҳои минералӣ. Нуриҳои минералиро яку якбора баъд аз об шудани барф дар охири зимистону баҳор мепошанд. Яъне пошидани силитра, зуд, баъд аз борони кӯтоҳмуддат барои таъмин кардани полоиш (филтр) ба хок ва пешгирӣ (наҷотёбӣ) аз бухоршавӣ беҳтарин восита аст.

Муҳлати дарави ҳосили чарогоҳ ва то ҳадди зиёд баланд кардани сифати ҳосилнокӣ. Ҳосили чарогоҳҳо бояд ҳангоми гулкунӣ (гулдиҳӣ) дарав шуда, сифатнокии баландро таъмин кунад.

Юсуф МУРОДОВ,

мушовири миллӣ оид ба корҳои агрономӣ

Маблағгузор


Ҷустуҷӯй дар сомона

Обу ҳаво

Нигористон

Openstat