МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ ИДОРАИ ЛОИҲАИ
«РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО»
Дар бораи марказ
Аксҳисоботҳо
Лоиҳаҳо
Наворҳо
Иттилоот
Эълонҳо
Тавсияҳо
Тамос бо мо
Тавсияҳо
Самтҳои ҳуқуқии истифодабари заминҳои чарогоҳ ва ҳуқуқи дастрас намудани Сертификати истифодаи замин
Барои эҳтиёҷоти чарогоҳ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ, захираи давлатӣ, заминҳои фонди давлатии ҷангал, заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии ....
21.06.2017 03:54
775
Маърифатнокии аҳолӣ- самаранокии истифодаи чарогоҳҳо.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз масъалаҳои муҳими рўз, нисбати пешбурди муносибатҳои истеҳсолї дар шароити деҳоти манотиқи кўҳистон, масъалаи истифодабарї ва ҳифзи чарогоҳҳо мебошад. Сабаби надонистани муносибатҳои дуруст нисбати истифода ва идоракунии чарогоҳҳо боиси таҳти фарсоиш қарор гирифтани мавзеъҳои чарогоҳҳо мегардад. Алафҳо имконияти тухмбандї намеёбанд ва аз чунин ҳолат рафта-рафта ....
15.05.2017 08:18
598
Кишти алафҳои хурданбоби чорво мувофиқи мақсад аст
Дар Тоҷикистон заминҳои чарогоҳ 3,9 млн. гектарро ташкил менамоянд ва таи солҳои охир бо мақсади беҳтар гардонидани ҳолати онҳо тавассути роҳандозӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва ҷалби сармояҳои беруна чорабиниҳои лозима амалӣ гардида истодаанд. Татбиқи мақсаднок ва самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ низ дар ин самт саҳми назаррас мегузорад. Бад шудани ҳолати ....
21.04.2017 03:57
432
Рушди соҳа масъулиятро талаб менамояд
Аз меъёри физиологӣ кам истеъмол намудани гушт ва шир яке аз проблемаҳои асосии таъминоти ҳифзи саломатӣ ва бехатарии аҳолӣ бо озуқа ба шумор меравад. Аз рӯи маълумотҳои Ташкилоти кишоварзӣ ва озуқаи СММ дар миқёси ҷаҳон истеҳсоли гушт ва маҳсулоти гуштӣ ҳамагӣ 9%, шир ва маҳсулоти ширӣ 21%-ро аз меъёри физиологӣ ....
17.04.2017 03:45
487
Гӯсфандони зоти сергушту серравған ва серпашми тоҷикӣ
Ин зот тӯли солҳои 1947–1963 таҳти роҳбарии академик Алиев Ғулом Алиевич дар Тоҷикистон офарида шудааст, ки ҳамчун комёбии бузурги селексионӣ дар соҳаи чорводории кишвар ба ҳисоб меравад. Барои офаридани ин зот муаллифон усули дуругакунии мураккабро истифода намуда, аввал бо мешҳои зоти ҳисорӣ қӯшқорҳои зоти сароҷиро, сипас, зоти линколниро ҷуфтӣ намуданд. Гӯсфандони зоти тоҷикӣ аз рӯи аломатҳои танаву тӯш ва зудрасии худ шабеҳи гӯсфандони ҳисорианд: вазни зиндаи мешҳои калонсол 60-70 кг, қӯшқорҳои наслдеҳ 100-110 ....
11.04.2017 03:43
472
Парвариши юнучқа
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон юнучқа зироати асосии ивазнашавандаи алафҳои бисёрсолаи лубиёгӣ ба шумор меравад. Вай бо серҳосилӣ ва сифати баланди қиммати хӯрокиаш фарқ мекунад. Юнучқа барои тайёр кардани беда, хӯроки сабз, силос, тарбеда, орди алаф, хӯрокаҳои ғурушагӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Бедаи юнучқа дар таркибаш 15-20 фоиз протеин, 2-2, ....
10.03.2017 04:58
774
Брутселлёз
Касалии сирояткунандаи ҳайвонот ва одамон мебошад, ки барангезандааш бактерияҳое мебошанд, ки «брутселла» номида мешаванд. Ҳайвоноти сироятёфта (гов, буз, гусфанд) микробҳоро ба воситаи шир, пешоб, саргин, ҳамроҳак дар давоми тамоми беморӣ хориҷ мекунад. Нишонаҳои беморӣ. Дар байни модаговҳо ва ғуноҷинҳои ҳомилаи 5-8 моҳа бачапартоӣ сар мешавад. Баъди он аксар вақт ҷудошавии хас (ҳамроҳак) ....
28.02.2017 05:52
582
Беҳтар намудани ҳолат ва баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо
Истифодаи ҳамасолаю бетанаффус ва бенизоми чарогоҳҳо боиси фарсоишёбии ҳолати табиӣ ва маҳсулнокиашон гардидааст. Барои беҳтар намудани самаранокии минбаъдаи чарогоҳҳо чорабиниҳои зеринро анҷом додан лозим аст: ü Ба қитъаҳои замини дар фасли баҳор истифодашаванда тухми растаниҳои хӯроки чорво аз қабили қатраборон (эпарсет), юнучқа, ҷорубаки пиёзакдору бомус пошидан муфид аст, то ин ки ҳиссаи алафҳои хӯрокии чорво дар ин қитъаҳо зиёд шаванд. ü Реҷаи истифодабарии қитъагӣ (хусусан қитъаҳои ....
27.02.2017 10:22
462
Ҳосилхез гардонидан ва истифодабарии устувори чарогоҳу алафзорҳо
Дар рушди соҳаи чорводорӣ масъалаи таъмини чорво бо хӯрок нақши асосиро мебозад ва аз ин лиҳоз яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини хуроки чорво – чарогоҳҳо мебошанд. Чарогоҳхои Тоҷикистони ҷанубӣ базаи асосии хӯроки чорвои вилояти Хатлон ба ҳисоб мераванд. Аз рӯи таносуб ва захираи хӯрокӣ алафзорҳои табиӣ дар ҷои аввал меистанд. Дар амалияи соҳаи чорводорӣ, аз он ҷумла барои гусфандпарварӣ ва ....
27.02.2017 10:17
601
Саҳифаи 3 аз 4
Аввал
Қаблӣ
1
2
3
4
Баъдӣ
Охир
Маълумоти мухтасар
Дар бораи марказ
Аксҳисоботҳо
Лоиҳаҳо
Наворҳо
Иттилоот
Эълонҳо
Тавсияҳо
Тамос бо мо
Маблағгузор
Ҷустуҷӯй дар сомона
Обу ҳаво
Нигористон